Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳо! Ҳама бало пул!... Дигар ба он кран набароед, мардакҷон.
— Охир ман мехоҳам, ки худам барои ту хона созам! Уҳу-уҳу!
Астағфируллоҳ! Худо хоҳад!
— Ман аз чизи дигар метарсам, мардак.
— Аз чӣ?
— Аз нигоҳи Фолбин-табиб.
— Ба ту нигоҳ мекунад?
— Чашмонаш ноҷо. Тарсам, ки моро ба кўчаи бунбаст барад?
— Ман ҳам ба ў исрор кардам, ки чунин кор мувофиқи ман нест. Мегўяд: «Ба майдон даромадӣ, дунбаҷунбониро фаромўш бикун!» Ман ба ў мегўям: «Мардуми мо бузмиҷози гўсфандхў:
зудбовар; Худоро фаромўш карда ба ман мечаспанд» бовар намекунад. Худашро мисол овардам, ки мардум омада рамасурат дар хонаву долонат по ба пову сар ба сар дароз мекашанд, механдад:
«Назди шумо ҳам чунин меоянд». «Лозим не!» гўям, «Нонро пеши по назанед!» мегўяд. Ин гапро дар пеши худат ҳам гуфт. Лекин таги дилашро намедонам.
— Ба ҳар ҳол одами хавфнок ва тамоми бурду балоро медонад.
Ҳамин хел одамҳо ҳам мешудаанд-дия, а мардак?
— Одам ҳар хел мешавад. Лекин ҳамаи онҳо одам не; сураташон одам; дар вуҷуди як одам метавонад ҷуз шайтон боз чандин ҳайвони дигар ҷой дошта бошад. Чунки мо фақат ҳайвон мехўрем. Аммо дар китобҳои қадим гуфта будаанд, ки ҳайвонро шир хўру гўшт махўр.
— Балоча шудаед, мардак!
— Миёни мардум шавӣ, аз ҳар кас якдаҳанӣ ёд гирӣ, китоб мешавад. Сонӣ гўйӣ ҳам, нависӣ ҳам, бовар мекунанд; «Манигар, ки чӣ мегўяд, бинигар, ки кӣ мегўяд?!»

15

Аммо баъд Ботурбой даст ба даст шуд: роҳи хонаашро гум кард. Ба зиёраташ омада ўро дар хонааш намедиданд; мошин ба мошин мегашт; хона ба хона мерафт. Аз меҳмонии яке озод нашуда, мошинҳо таги дар меистоданд: «Бисёр не, як шабу як рўз вақтатонро дареғ надоред! Илтимос!» Инак Ботурбой ба ихтиёри худ зиндагӣ намекард, балки ўро мебурданду меоварданд.
Агар ин корро аз рўйи эътиқод мекарданд, хуб буд, лек барои он чунин шилқин шуда ба ў мечаспиданд, ки як бор хонаи ўро бинад; зеро замона дигар шудааст. Он замонае нест, ки «насоз!»
гўяд. «Бисоз!» мегўяд. «Паст насоз! – мегўяд, – Аврупойӣ бошад!»
Аммо бисёр хонаҳое, ки Ботурбойро (намедонам чӣ гўён ҳоло рутбаву дараҷааш муайян нагашта буд) мебурданд, чунон озодаву зебо буд, ки меҳмон аз тамошояш хиҷолат мекашид; чунки ҳоло дар обрав мисли ў инсоне нест, ки Он Дунёро бо биҳишташ дида, омада бошад; хиҷолат мекашид, ки бо чунин обрўву мартаба дар кулбае зиндагӣ мекунад, ки меҳмондорон гурбаашонро дар он хел хона намебанданд.

пешина
аз 378
навбатӣ