Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Барои ҳамин мегуфтен-дия: «Биҳишт дидан дораду хўрдан не!»
— Охир хўранд, биҳиштро ифлос мекунанд ранги бобойи Одам.
Барои ҳамин қаноат мекунанд ба ҳавои биҳишт. Агар мо ҳам нафсамонро кушем; нахўрем, кишварамон чӣ қадар озода, зебо ва равшан мегардад. Биҳиштиҳо «мурданафс» ном бардоштаанд...
...Фаҳмиданд, нафаҳмиданд, баъди чунин зиёратҳо Ботурбой болой даҳ қабат кўрпача нишаста, одамонро қабул мекард ва кораш даст пеш ёзидану боз сари зону овардан буд.
Саврӣ ҳам бовар кард ба чунин ҳангомаҳо:
— Мардак, хешу табори худамонро надидед?
— Не, онҳо рў панаҳ карданд. Аз мо хафа, ки ҳавлию ҳарамашон бесоҳиб мондааст, каси чароғи хонадонро фурўзон мекардагӣ нест. Рў ба рў нашуданд. Вақт танг буд... Лекин вақти бозгашт як назар аз дур дидам, ки чаҳор чашм сўям менигарад...
— Мардакҷон, шўх набудед. Ин хел гапҳоро аз куҷо ёд гирифтед?
— Ээээ занак! Агар мансаб расад, гунг гўё шавад.
—...
— Медонӣ, ман барои чӣ ин қадар ба он баландӣ мебаромадам?
— Медонам: аз ҳамон баландӣ маро тамошо мекардед.
— Рост! Боз сабаби дигар ҳам дорад: ман аз он баландӣ гирду атрофро аз назар мегузаронидам, ки дар куҷо замине бошад, то илоҷе карда онро гирам ва барои ту, фақат барои ту, биное созам, ки...
— Фақат барои ман бошад, лозим не.
— Барои ту, ки шуд, барои ҳама мешад, занак... Сонӣ бисёр мехостам, ки кори кранро ёд гирам ва худам он хонаро созам.
Ҳамон ҷо ҳаст як замин. Лекин гирифтанаш мушкил.
— Ҳамин одамон чӣ хел мегиранд? Ин хел хонаҳои дакадангро чӣ хел месозанд?
— Инро Худо надонад, мо намедонем. Ягон роҳ доштагист; барои мо торик. Медонам, ки он замин бисёр ғажду ифлос ва ҳама партобҳои бинои нав: хиштрезаҳо, битонҳои шикаста, оҳаку гаҷи мурда, шишапораҳо, оҳанпораҳо ҳама дар он ҷо буданд. Кадоме «Белорус» дароварда пешбел кардааст; хорҳои марминҷонро решакоб кардааст ва гирдогирд ниҳол ҳам шинонидааст. Аммо кори кӣ? Намедонам.
— Бори охирин, ки болойи кран баромада будед, ман дидам, ки як сафедмўй он ҷо мурғи марҷон бонӣ мекунад.
— Набошад, аз даст рафтааст, ҳоҷати гап нест. Лекин пул бошад, аз рўйи гуфтаи баъзеҳо, аз дасти ҳамон сафедмўй ҳам зада гирифта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор