Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Саврӣ!»
Гумонаш, зан баъди рафтани меҳмон дастархонро меғундорад ва боз хобаш бурд. Ҷуз муш чизи дигар ба хобаш наомад: мушҳо дар тору роҳравҳо ва сутунҳои кран рав монда буданд; оҳантахтаи ҷойи нишасти ўро мехарошиданд; чун пешарра, баъзан мисли шалолаи кафшергар пош мехўрд аз зери дандони онҳо ситорачаҳо. Ботурбой он ҷо бекор наменишаст; андеша мекард, фикр мекард; фикру андешаи дунёи танг, аз шаҳр дур нарафта ба охир мерасид. Фикри худкушӣ ҳам дар ҳамон баландӣ ба сараш меомад. Ин бор барои зану фарзанд, баъди таваллову зориҳои зиёд мефуромад ва чун бори дигар ранҷонанд ё аз дунё безор гардад, ҳамон ҷо баромада нағмаву усул мекард... Ҳоло мушҳо часпида мебароянд он ҷо, Ботурбойро роҳ намедиҳанд. Шояд кирояҳо бошанд, ки чандон ҳунар надоштанд: ба оҳани лайс часпида баромада, бозпас мелағзиданд. Росуе бо шиддат арбада мекард ва онҳо мурда-мурда боло мерафтанд ва дар ҳар ҷо дам гирифта ба боло менигаристанд, ки Буми кўр дар куҷо маъво гирифта бошад.
Моҳчароғи кран, ки понздаҳ сол боз фурўзон нагашта буд ва дар ягон ҷойи кран сими барқ намонда канда бурда буданд, фурўзон шуд. Бум набуд дар он ҷо. Танҳо дар ҳуҷраи оҳанӣ, ки кранчӣ нишаста фармони зурафои гардандарозро ба даст мегирифт ва онро хар барин кор мефармуд, чанде чинга ва хасу парҳои рехта менамуданд, ки лонаи Бум ном дошт; ҳолиё на тухм ҳасту на чўҷаву на Бум.
«Мемуреду меёбед! Бум зери замин надарояд! Агар дарояд, тухм гузорад... Нимҷинсатон мушҳои паррон... ана вай... кўршапаракро кор фармоед!»
Фармон чунин буд. Ҳукми подшоҳ воҷиб. Аммо дар чунин ҳолатҳо кўршапаракро кор фармудан саҳл набуд: ў дар ғорҳои торик часпида, бархилофи сар баланд доштани одамӣ сарнишеб меистод бемўҳлат ва ҳар гоҳ, ки хушаш омад, аз гўр ба рўйи олами торик мебаромад; ҳамин ки танг омад, ё ягон кас ҳамчун ҳамҷинсу ҳамбашара коре мефармуд, ҷонашро аз ҳар бало раҳо мекард: ба муш «ман – кўршапарак» мегуфт ва ба шабпар «ман – муш».
Аз садову сарири мушон ў аз хоб ҷаста хест, ки кадоме дарвозаро канда, хонаҳоро метозад. Баъд ба сараш зад, ки дарвозаро худашон канда бурда ба қабристони оҳанпора партофта буданд, ки мактаббаччаҳои як замон оҳанпора ҷамъ мекардагӣ ба чунин тунукапораҳо нигоҳ ҳам намекунанд. Вале сабаби тамоми шаб хишир-хиширу қимир-қимир кардани касеро нафаҳмид.
«Саврӣ!»
Аз зан садое нест. Дастмол мекунад, ки болину бистар нест, балки дар ҷойи нишастааш хобаш бурдааст. Сафиру сариру садо якбора гум шуданд ва ба назараш ҳаппаки ғелон барин сояҳо ин сў-он сў мегузаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор