Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ўй! Бо думи шер бозӣ накун! Ин чизҳо ҳамаш аз анбори савдо! Ба гардани мо начўт мешавад!
Ва занак маҳкам банди пойи сардори гурўҳро оғўш мекард:
— Дарду балот занад! Девори ман бори аввал гилемро дид! Мон истад! Ширамон фурояд, худамон бурда медиҳем. Дар магазинҳо дида будам, дар хонаи дороён дида будам; лекин дар девори худам бори якум мебинам! Мон чашмамон об хўрад!
— Неъ!
— Эй ноинсоф! Ман вақти дар хонаи мудир чунин гилемро дидан орзу карда будам, ки ҳамин хел қолии ким-куҷойӣ дошта бошам. Мон истад, пулашро кам-кам ёфта медиҳам!
— Неъ!
— «Неъ!» бошад, аз дар баро! Ин гилеми худи ман! Аз Қрим оварда будам! Намоянда надид, ки камбағалтарин одами замони мо чӣ хел зиндагӣ дорад?
Ранги гилеми хонаи онҳо оташи фурўзони оташдонеро ба ёд овард, ки ровиёни ахбор туфайли телевизор «гера»-и ба даст овардаашонро андаруни оташдон нишон медоданд. Чунон месўхт, ки солярка он зайл намесўзад. Баъд ҳазор-ҳазор тонна ба даст овардани маводи мухаддирро мегуфтанд ва дари оташдонро кушода, ду банди кафанпечро ба коми оташ андохта, мепўшиданд:
«Ҳамин хел месўзонем ин маводи маргбор ва хеле бозоргирро!»
«Э Худоҷон-э! Одамро-ку офаридӣ, чаро шайтонро низ офаридӣ? Ё ин шайтон офаридаи худи Одам бошад?!»
Аз берун паст-паст садои дегу кафгир меомад. Касе бошад, чунон боэҳтиёт кор мекард, то табъи нишастагонро нохуш нагардонад. Ботурбой ба назар бепарво буд. Аммо Фолбин-табиб гўшбақимор буда, якбора ба китфи ў даст расонд: «Арвоҳи падаратон, гўед, ки келинд ташвиш накашанд. Ман ба як одами дуруст ваъда додаам. Бояд равам. Ҳоло сўҳбат ҳам намекунем. Бори дигар.
Чунки омаданатон дар фолам баромад... Омин!
Гоҳе ки меҳмони нохонда аз дар баромад, Саврӣ сўйи шў нигаристу чизе напурсид. Ботурбой фармуд: «Пагоҳ шуморо нигарон мешавам!» Зан фаҳмид, аммо сухане нагуфт. Ў чи хеле ки бо азоб аз мошин фуромада буд, боз нишаста, мошинро дар гиронд...
Боз ҳарду монданд. Ҳайрон буданд. Саврӣ ба маънии «магар назараш нагирифт?» пурсиданӣ буд, лек лаб накушод. Балки рў ба рўйи шавҳар нишаст. Як пиёла чой кашида ба ў дароз кард.
Сонӣ кафид:
— Ҳеҷ чиз намефаҳмам.
«Ман ҳам» гуфтанӣ буд Ботурбой. Сурфид. Ва ҳамон зайл – бо ҳамон сару либос паҳлўи хонтахта дароз кашид; хобаш бурд...
Садои хишир-хишир, фиш-фиш, сарири коғази қанд, овози аз сари хонтахта ба рўйи кўрпача афтидани чизҳо ва як нафаси паст ўро бедор кард; ё бедор шуда ин сариру садоро шунид. Аз ҷой ҷунбида буд, ки ҳама овозҳо як лаҳза қатъ гаштанд; боз баланд шуданд.

пешина
аз 378
навбатӣ