Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале ин чиз фатво дорад: «Об се ғел гардад, ҳалол». Об худашро худаш тоза мекунад. Мисли одам. Ў ҳазор кори бад мекунаду як бор «бубахшед!» намегўяд. То дар гулўяш корд надорӣ, ин ҳарфро ба забон намегирад. Ҳама вақт лоф мезанад, ки ин карду он кард ва касе ба дасти ў об рехта натавонад.
Росу аз раъяш гашт. Зеро ҳама чиз макрўҳ тофт ба назараш.
Кабоб бўйи гўшти сўхта мекунад, ки дар ҷангҳо ҳамин хел як бўйи ғализи дилбеҷо ба машом мерасад. Чунин бўйи бад ғарораи хуфтаи даруни ўро ангехт. Ў шикамашро дошта-дошта рафт.
Куштаро фаромўш кард. Зеро он ҷонсахти берўзӣ аз ҷунбиши ҷонканӣ гаҳвора ва ё тобути хешро меҷунбонд. Мисли дигарон ба гарданаш ҳалқаи дор андохта, кундаи зерпоро як лагад зада дур меандохт, хафадаввак шуда кайҳо мемурд; аз гўшаш сим гузаронида ба ду паҳлўи дарвоза сахт бастанд, аз шунидан маҳрум гашт.
Худи ў ин чизро орзу мекард, то доираву думбаки бемаъниро нашунавад. Ҳолиё намешунавад.
13
— Аз як чумча хунам гузаред, Олампаноҳ!
— Гап зан, Ҷосу! Дер боз хомўшӣ, натиҷаи мехи мушхўрдаро наовардӣ.
— Худатон дидед аз телевизор. Дурўғи маслиҳатомез буд. Лекин ман ба шумо пешниҳод карданӣ, ки ташвиши зиёд ба шумо чӣ лозим? Мо дар ин ҷо абадӣ не-ку?
— Чӣ хел?! Чӣ хел абадӣ не?! Мо намиранда! Мо абадӣ! Мо бо осонӣ ба ин ҷо наомадаем! Аз он сари дунё омадем. Мурдаамон аз ин ҷо наравад, зиндаамон намеравад!
— Ман медонам, Олампаноҳ, шумо намиранда – монанди Азроил. Ҷони ҳамаро гирифта ба ҷони худатон ҳамроҳ мекунед ва ҳеҷ гоҳ намемиред; миред ҳам, аз зиндаҳо зиндатар. Гапи ман дар ин ҳам не! Мо метавонем дар хубтарин бўстонсароҳои қади рўдбори Фушун умр ба сар барем. Ва беҳтарин, ҳатто ҳамаро аз они худ кунем. Бигзор аз они соҳибонаш бошад, лекин аз они мо.
— Чӣ хел?
— Он дороёни навбаромад пулро пул, чизро чиз, занро зан ҳисоб намекунанд; зеро ҳамааш ройгон омадагӣ. Дар бўстонсароҳои бо қувваи яроқ ба даст оварда ҳама чизро омода месозанд; нохўрда аз пой меафтанд; зан гуфта то рўз сангро оғўш карда мехобанд ва намедонанд, ки аз дунё чӣ мегузарад. Дилашон пур, ки дами дарвоза даҳ саг, даҳ посбон, даҳ хабаркаш, даҳ далла, як взвод сарбози мусаллаҳ ва мошинҳои қатор ҳозиру нозиранд ва парранда он ҷо пар зада наметавонад. Танҳо мо метавонем аз деворҳо, аз сўрохҳо, аз мўриву обмўриҳо ба он ҷо даромада майишат карда, рўзиамонро гирифта орем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор