Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Раҳмовар монанди нигоҳи тифли дардманд, ки фавташро дониста сўйи наздиктарин кас нигарад бо чашмони хаставу камнур ва гардани каҷ: «Наҷот бидеҳ маро аз ин марги муфоҷот, худои ман!» Аммо амри қатл раҳм надорад. Вай бояд пеши назари шоҳ, иҷро гардад ва албатта чашмони гунаҳгор, боз хоин, сўйи қотил ва айни замон наҷотбахш бояд чун алмоспора ё шишапораи шикаста ва ё ба сони хонаравшанкунии равғанчароғ милтос занад; зеро баъди андак вақт дигар дар оинаи чашмони ў нур ҳам, оташ ҳам, чароғу моҳчароғ низ ҳам ё сурати одами сўйи ў охирин бор бо раҳму шафқат нигариста аксандоз нахоҳад гашт. Чашмони зираку торикбини ў резасанги беҷон мешавад; олами зинда низ миёни гавҳараки чашмони ў мемирад.
Росу боифтихор гўш чур ва дум хода дошта, гом мезад, ки дунё аз они ўст. Ў чизе нагўяд ҳам, дар гашт, андар нигоҳ ва кибру ғурури беназираш, ки дигар мушон сад бор майдони Регистонро гузаранд ҳам, чунин хўву хислат дар чеҳраашон ҳувайдо намегардад, аён аст; аён аст, ки ҳар коре ў хоҳад, карда метавонад: ҳатто ба наздиктарин кас, ба ҳамсафару ҳамнабард, ҳамкоса, ҳамхобааш чунин ҷазоро сазову раво медорад. Агар хоҳад, амр ё имои бурут карда Бепоро аз он дори баланд, ки пеш аз ў касе ба чунин кайфар сазовор нагашта буд, фурорад; авф кунад. Зеро баъди чунин сазо ўро дар қафаси заррин нигаҳ дошта парво кунанд ҳам, ба худ наояд. Чунки охирин қатраи хун аз зонуи бурида ба замин чакид...
Росу ин хел набуд. Дар кўдакиаш орзу мекард, ки зудтар бузург шавад; аз дасташ коре омада бечораву дармондаро ёрӣ кунад; дасти фитодаеро бигирад. Чун ятим буд, ҳаваси зиёд дошт, то касе сухани хубаш гўяд, «шери амак» гуфта ақаллан як буҷул диҳад, то қатори дигар баччаҳои нисбатан доро ё падардор бозӣ кунад. На!
Чунин некӣ надид. Аз ин рў умед дошт, ки ҳамин хислати накўро ба дигарон ёд диҳад. Аммо ба дор кашидан омўхт; он ҳам баъди аз мурдан гаштан.
«Мехоҳам чизе хўрам!»
Хурсанд шуданд, ки Росуро иштиҳо омада. Зеро баъди ғарора ба худ наомада буд ва ба ҳар чиз нигарад, ғарора авҷ мекард, ба назар ҳама чиз ҳаром метофт; ягон чизи бекароҳат нест; ҳатто кабоби рўйи қўра, ки дар ҳар маврид дар майдони шаҳрҳои бузург дуд мекунад, кароҳат дорад. Ҳатто чошту наҳори шоҳон, ки бо ҳазор эҳтиёт, баъди чашойӣ, пеши шоҳ мегузоранд, низ ҳаром.
Шаробҳои нав пўки шишаашон кушода – макрўҳ; зеро ба он хун ҳамроҳ шудааст, ки яке аз ҳаромҳои сегона ҳамин хун аст.
Сабзаҳо макрўҳ: мушҳо дидаанд, ки такшини пасобҳои шаҳрро сабзакор бурда ба бехи полез мерезад. Обе, ки аз миёнаи шаҳр мегузарад, ҳама мурдориҳоро шуста меорад ва боз одамон дидаву дониста дар лаби рўд таҳорат мешикананд ва таҳорат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор