Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ба об дароед ҳам, намегиред. Ҳар коре, ки фармудам, айнан иҷро мекунед. Нон аз ёдатон набарояд, орд аз ёдатон набарояд, об аз ёдатон набарояд. Суратро албатта дар банди дил монда, хоб меравед».
Онҳо гунаҳгорона ё корашон барор нагирифта пиёда то хона омаданд. Ҳарду дар андешаи хеш буданд; на чизе мегуфтанд ва на чизе мепурсиданд. Баногоҳ Саврӣ кафид:
— Ман дигар намеравам.
— Ман ҳам...
Андеша ва хулосаи хаёлии онҳо пур аз маънӣ буд ва натиҷаи фикру хаёлҳои радду бадал кардаашон. Пеш аз хуфтан шўй фармуд:
— Ба ҳар ҳол, агар орд бошад, суфраатро паҳн карда мон, то чӣ пеш ояд.
Саврӣ чун ҳамеша ҳарфи шавҳарро ду накард; чун ҳамеша, ки ба маслиҳати шиносҳо: «Ба ҷойи шумо бошам, ба чунин шў мучӣ ҳам намедиҳам» гўш намедод; хидмати шавҳарро ба ҷо овард.
Кам ё зиёд – аз рўйи будаш, суфраи ордро кушод ва рўйи фарши гилии ошхона бигустард. Ба дигар чизҳо аҳамият надод: сурати ўро ба банди дил нагузошт; талвосаи ҳафттойӣ нон овардан ҳам накард; риштаи пургиреҳро аз гардан гирифт ва рўйболо ба сақфи пастаки кулба чашм дўхта ба андешаҳои дур рафт. Аз ҳама андешае, ки ўро ташвиш медод «Ботурбой чӣ фикр мекарда бошад?» буд.
Оилаи дигар ё рўзгори дигаргуна мешуд, ҳодисаи бо Ботурбой рух дода афсона мешуд: гирди хони неъмат давра гирифта мегуфтанду механдиданд ва ўро маҷбур мекарданд, ки Худо додааст, саришта кунад; Худованд ҳамин зайл ногаҳонӣ медиҳад; маслиҳат накарда, наогоҳонида чунон давлат диҳад, ки худат ҳайрон монӣ. Ээээ, чӣ қадар доираву думбак мешуд; чандин муллову муллобаччаро даъват карда фотиҳа мегирифтанд ва Ботурбой «Назаркарда» эълон мешуд ва корд болойи равған меомад.
Аммо камбағал фарбеҳиро бардошта натавонад; фарбеҳиро гўсфанд бардорад. «Лозим не, мардак, ҳама касони тиллоёфта девона шуданд; девонагии мо аз сари худамон болотар аст. Худо кам диҳаду ғам надиҳад...»
— Ҳамин хел...Лекин саҳар баробари сафедии рўз суфраро хабар гирифтан лозим.
Саврии саҳархез суфраро хабар гирифт: рўйи суфра гарде орд набуд. Ва ў чароғи ошхонаро фурўзон карда дурусттар нигарист.
Воқеан гарде орд набуд, аммо рўйи замин як қирави барф барин сафед гашта, он қадар пайи пой буд, ки рама чарида бошад; пайи ягон-ягон дар канор бударо дида пай бурдан имкон дошт, ки пайи панҷаи муш аст. «Табиб дигар чиз гуфта буд: пайи дасти...
Фулониву бисмадонӣ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор