Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Саврӣ ном дорад ў. Аммо маъниашро намедонад.
Хаёлаш як чизи зебо мисли баҳор. Зеро гамбуски саврӣ ниҳоят ранги зебо дорад – сабзу кабудро ба ҳам омехта боз аз болояш равған кардагӣ барин лайсу рўшану ялаққосӣ. Ҳамон чизро бо ҳама рангҳояш тахмин карда, хушрўй гўянд. Хушрўй ҳам ҳаст ин зан. Миёнақади гандумгуни хушрафтор ва як дандони кунҷи росташ заррин, ки гоҳи сухан гуфтан ё хандидан дурахшад. Ва ўро зеботар гардонад. Баъзан тахмин кунанд, ки мардак аз рашк ба чунин ҳол гирифтор шудааст. Вале касе ноҷо ё каҷ пой ниҳодани ўро намедонад. Аммо ба худ гирифтор ва хомўшу ором буданаш ба ҳар бинанда аён гардад; гўйӣ дар ғами касе сўзад.
«Худо бардорад чунин зиндагиро!»
Ҷамъбаст кард гўё ҳама азобу ранҷҳои зиндагиро. Ба худ гуфт ё ба Худо, маълум набуд. Аз он ки дониста мегўяд, ба худ гўяд.
Зеро ҷуз худ касе надонад, ки чунин зан азоб дорад ё на?
«Фаҳмидӣ, ки Гулоби бекас чӣ хел мурд? Мехоҳӣ, ки ман ҳам...!!!»
Ин суханаш баланд буд; на танҳо кран ларзиду таноб ё сими кашол ба оҳан расида «3ӣ-зӣ» кард, балки Иван фаҳмид ва «Ҳэҳэ-ҳэээй! Кадомӣ?» гуфт. Кабўтарон ва зоғони дар торҳои уреби кран ҷой гирифта патар-патар париданд; кабўтарон бесадо буданд; зоғон мағал карданд.
Бо вуҷуди он шў нашунид ин ҳарфро. Ба гўши хоболудаш даромада бошад ҳам, мағзи сараш кор намекунад.
«Медонам, ки маро дўст намедорӣ!» Гуфту гўш дод. Садое набуд. «Баччаҳоро дўст намедорӣ!» Боз садо нест. «Зиндагиро дўст намедорӣ!» Хуррокаш қатъ гашт. Вале посух набуд. Балки дароз-дароз нафас мекашид. «Ҷангу бонг надорӣ... ягон чиз ҳам намегўйӣ. Лекин як бор ғазаб кардӣ: табар гирифта ба тори ҳамин кран баромадӣ: «Касе наздик шавад, мекушам!» гуфтӣ. Сонӣ аз ҷаҳл фуромада, аз тори кран низ фуромадӣ, рост рафта ба он дарахти бесамар табар задӣ. Сабаби онро медонам: ҳамсояҳо аз хазони мўрзадаи он ҳазар карданд. Баъди азоби зиёд кашида майдаву қимма карданат, афсўс хўрданд: «Беҳуда бурридед, сояи нағз дошт! Ин дафъа аз бехаш сабз шуда барояд, набурред!»
— Ман рўяшро қирпўш мекунам, дигар сабз намешавад.
Ҳамсоя заҳрханда кард. Ман фаҳмидам маънии нешханди ўро. Гуфта наметавонам. Лекин чӣ хел ҷавоби нағз гуфтӣ, ҳайрон мондам: «Туркҳо заводи Қирро аз нав сохта ба кор медароранд.
Ҳама роҳҳо ва майдонҳои варзишро қирпўш мекунанд. Он вақт аз онҳо хоҳиш мекунам, ки болойи ҳамин кундаи ноўҳдабароёна буридаатро қирпўш гардонанд. Он ҷо мўрчахона, мушхона ва партовгоҳ шудааст. Ҳамсояҳо ба дуртар рафтан хуш надоранд, ҳама лашу лушашонро ҳамин ҷо мепартоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор