Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин маҳалла қабристони ҷудогона ҳам надорад, ҳар гўристоне рост ояд, дафн мекунанд.
«Мефуройӣ! Ё худама аз ҳамин ҷо партом!?»
Хомўшӣ. Аммо садои қарсаки дудаста омад. Ва боде ба сару рўйи онҳо расид. Ин Бум буд, ки аз овози баланд ва пуртаҳлукаи зан хўсида, парвоз кард ва ё гоҳи шикораш расида, парид. Аммо аз шавҳари дар ошёни баланд маъво гирифта сарире, шарфае ё ҳавою ҳавасе набуд. Зан даст ба даҳон бурда пахш кард, ки гоҳи чашму гўш пўшиданаш шў худро ба зер партофта нобуд гаштааст, ки садояш намебарояд. Ў ҳамон зайл – дамбадарун оҳиста ба паст нигарист, ба боло нигарист, чизеро пай набурд, садоеро нашунид ва дар торикӣ ҷойи нишасташро дида наметавонист, ки аз буду набудаш огоҳ гардад.
«Дадеш...»
Ниҳоят садои паст буд, ки худаш ҳам нашунид ё дилаш ҷеғ зад?
Аз дуртар миёни ду релси кранпоя оташе фурўзон шуду мурд.
Гўё барои пеши чашмаш ё лонаи баланди шўро дидани зан гулхан афрўхтанӣ шуд касе. Аммо забонаи кўтоҳумри он ҷуз як аҷинамонанди сараш хам ва тахтапушташ кўз чизи дигареро аён карда натавонист. Он ҳам чандон равшан набуд; мисли соя намуд.
Зан надонад ҳам, шў мешиносад ўро: ҳамон посбони ин харобаҳо, ки умрашро дар вагончаи дараш мехкўби бетиреза мегузаронад.
Аллакай дар бораи ин одами муттааллиқ ба ҷамъияти ибтидойӣ мардумони огоҳ навиштаҳое доранд, вале зан кӣ будани онро намедонад. Тарсид ў:
«Ҷин! Аҷина! Ғўл!»
Дар чунин ҳолат ҳам аз шавҳар садое наомад. Лек он кас боз гўгирд зада, коғазро оташ дод ва нимрўя гашта, пурсид: «Кто там?» Зеро масъул буд. Вайронаҳо, носохтаҳо, носўхтаҳо ва ин зурафои беҷонро нигаҳбонӣ мекард. Дуд меандохту хешро дар он мепазонд. Аз миён боло бараҳна; сияҳпўшони ниқобдор барин танҳо чашмонаш метобанд. Ва одами хуб –ғамхори чунин касон – шоирро бинад, барои гармоба рафтан пул мепурсад:
«Гимарой гаранг мекунад. Ҳаммом рафтан лозим. Нафақапулӣ медиҳанд, намедиҳанд... намедонам...» Тухмӣ монда аз буродарони аврупойӣ.
Аз тарси оташи ҷин буд ё хавфи нобуд шудани шўй, зина ба зина болотар мерафт ў ва ба шў нарасида садои хир-хир ё хур-хур омад: «Овехтааст...» чун боз баландтар баромад, садои маъмулиро шунид, ки дар хобаш аз даҳону биниаш мебаромад ин садо.
«Хобаш бурдааст. Бедор шуданаш кори саҳл нест».
Ў ба боло менигарист. Ҳавойӣ пой мемонд. Парешон. На аз он ки шўяш дар чунин ҳол. Бал з-он ки зиндагӣ чунон бар дўшаш нишаста, ки хурдакак шудааст. Ба назараш ҳамин хел. Аммо мардони шўх ҳар бори сумкаи вазифаи хўрҷинро адо мекардагӣ дар даст раваду ояд, нигоҳ карда чӣ андешаҳое аз сару дил гузаронанд, худашон донанд.

пешина
аз 378
навбатӣ