Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Набудааст дар ягон замон чунин.
Мушон як ғами мардумро сад ғам ва андак ташвишро ташвиши олам гардониданд. Халқон гуруснагии хешро фаромўш карда аз пайи дарёфти дом, қапқон, гаҷ, шишамайда, марги муш афтоданд.
Дар паси хонаҳо, даҳанаи сўрохи муш, кунҷи хонаҳо, байни қўшсинҷҳо, зери тагсандуқаҳо, токчаҳо ва ҳар ҷое, ки лозим медонистанд, қапқон гузоштанд; шиша кўфта, бо орду гаҷ якҷоя карда ба сўрохи муш рехтанд, то дарунашон сахт шавад; донаро ба арақ тар карда пошиданд, то хўрда маст шаванду онҳо дошта, оташ зананд. Лекин ин қарқарадумҳо, ки думи кадом маймунро ба ёд меоваранд ва чун тозиёнаи дасти бузкашҳо ё чобуксаворон бофта ё аз болояш пўсткашида метобанд, ҳеҷ чизро ба инобат нагирифта шикор мекарданд. Чун аз партовгоҳҳо чизе пайдо намешуд, ба ошёнаҳои баланд дандон тез мекарданд ва бо ҳар роҳ; бо таноби лифтҳои бекорхобидаву дарҳояш шикаста, бо зинаҳои роҳравҳо, бо дару тирезаҳо ё сўрохиҳои худашон сохта, мебаромаданд.
Чунки ҳоло «марги муш» набуд дар шаҳр. Санэпстансия ҳам кор намекард. Занакҳои дар дўшашон кўзаҳои оҳанини дорузанӣ бардошта мегаштагӣ, кайҳо шаҳрро тарк карда буданд дар қатори бисёр мутахассисон. Ва якбора ҳама дорухонаҳо, ки то ин дам доруйи одам мефурўхтанд, марги муш мефурўхтагӣ шуданд. Дар бозорҳо ҳам дар паҳлўи ҳар чиз як халтачаи коғазӣ меистод, ки чанд дона гандуми рангкарда дошт. Ҳамон «марги муш» дониста мешуд ва дар рўйи халтача айнан сурати муше буд, ки ҳар лаҳза бо одамон рў ба рў омада, метарсонид. Аммо сурати Росу дар рўйи ягон коғаз набуд. Ранги донаи гандуми дорузада монанд буд ба ранги ў. Лек мурдани мушҳоро касе намедид; агар медид, мурдаи мушҳои ҷойдорӣ ё кўрмушҳо буд.
Аз куҷое ширкате пайдо шуд ва бо амини гузар ё маҳалла ва ё сардори биноҳои алоҳида гуфтугузор карда, пул ҷамъ меоварданд ва кормандони ширкат даҳону биниашонро бо дока ё латтапорае баста дору мепошиданд. Замоне ҳам буд, противогаз ном чизи нафасгардонро ба сару даҳону бинӣ кашида, чунин корҳои заҳролударо ба ҷо меоварданд. Вале аз шикори ноўҳдабароёнаи имрўза меафзуд муш ва мардумро ба воҳима меандохт. Баъд ҳамин хел шуд, ки аз наздикии партовгоҳҳо гузаштан имкон надошт:
ҳам бўйи партовҳои пўсида, ҳам бўйи дору ва ҳам бўйи мушҳои номаълум мурдаву гандида шаҳрро мутааффин карда буд. Роҳгузарҳоро лозим меомад, ки чун касони дорупош даҳону бинӣ баста гарданд. Нархи дока аз нархи атлас гаронтар шуд. Толеъ буҷули корчаллонҳоро асп хезонд ва ошиқи харидорро хар. Мардум ҳайрон буданд: соли Муш нест, аммо гетиро муш пахш кардааст.

пешина
аз 378
навбатӣ