Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

гўён ҳама ҷоро дар як шаб забт карда гирам, ки ҳама дар хоби ғафлат бошанд, ҳатто Мошон ба дом афтоданашро надонад. Лекин сонӣ, кӣ идора мекунад ин ҳамаро?»
«Шумо ҳастед-ку!?»
«Ман ҳастам! Худоро шукр, ки ман ҳастам. Ҳама риштаву танобро кашида метавонам. Ягон хиёнат шавад, ту маро нағз медонӣ, ягон хел ҳукм лозим нест! Пеши назари ҳама хиёнаткорро, аз сараш сар карда ғаж-ғаж хоида мехўрам. Ман ин усулро аз баччаи шер Гурба ёд гирифтаам. Лекин ман бозӣ ба бозӣ гурбавор ҷони хиёнаткоронро нагирифта, якбора… Ту медонӣ, ки дар чунин ҳолатҳо ҳазор илтимосу зорӣ – як пул. Шунавам шуд: шунавам, ки фулонӣ хиёнат кардааст, ба гапи ягон кас, ба зориву таваллойи ягон кас гўш намекунам. Зеро медонам, ки шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад. Ӣӣӣӣӣ!!! Дандонҳоям мехоранд!»
«Кай боз нахоидаед, хориш дорад дандонҳоятон».
«Худам медонам барои чӣ мехорад. Сари кадом нохалафро бояд хояд… Несту нобуд кардани хоин – ягона усули давлатдорист. Ту худат вазири корҳои хориҷӣ. Чандин забонҳои бегонаро медонӣ; ба ҷуз забони модариат. Зеро забони модариро донистан кори ҳар вазир нест. Бисёр мамлакатҳои дунёро сайр карда омадӣ…
— …Ба туфайли шумо!
— …Медонам, миёни сухана нашикан! Феъли маро медонӣ.
Бояд танҳо ман гап занам!... Бисёр мамлакатҳои оламро дидӣ!
Аз илми таърих ҳам огоҳӣ! Аз ҳар забону ҳар кишвар як калимагӣ ҳам шунида бошӣ, як дунё мешавад. Ҷуз таърихи халқи худат…
дигарҳоро медонӣ, чунки вақтҳои мактабхониат; таърихи дунёи қадим, таърихи асрҳои миёна, бисёртар таърихи партияҳоро мехонданд. Таърихи худамонро мисли забонамон, гўё, дар шиками модар омўхта будем… Гапамро набур! Ана дар ҳамон ҷо хонда будӣ, ки то подшоҳ гирду гўшаро тоза накунад; хоину душманро сар нагирад; баттолро бадарға накунад; бепадаронро дар гирдаш ғун наорад; тоҷу тахтхоҳонро нобуд насозад…ва бисёр сирру асрори дигар, ки гуфта намешинам… давлатдорӣ карда наметавонад.
Мисол мегирем: империяи бузурги Ҳахоманишиёнро… ээээ…
канӣ қаламбадасти доно, ки нависад; Ҷаҳонгирии Искандари Сониро, ки хешу табору ҳамсафар намонда кушт ва оқибат чӣ шуд, медонӣ! Чингизхони… Ин дигару дигарҳояшро! Ин манғитҳои дар фисқу фуҷур ғўтидаи амрадбози падаркуш, девона, маккору коноро! Ва таърихи партияҳои дирўзаро, ки чӣ қадар хешу табори моро куштанд, нобуд сохтанд, бадарға карданд. Як ман зинда мондам аз ҳамон падарони бадарғашуда. Пас ман насўзам, кӣ сўзад?! Реша солиму қавӣ бошад, шоху барг меовардааст. Лек реша бурида шуд, адо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор