Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ин қадарашро намедонистам.
— Албатта ту намедонӣ. Ба мо кадрҳои донои забондарози маҳмаддонои рўйинатан ё берўю риё лозим нест! Ба мо баччаҳои худии вафодор лозим, ки «мур!» гўйӣ, мурад; «зӣ!» гўйӣ, зияд. Вай ҳамин хел буд. Ором, сархам, ду даст пеши бар, бепарво – оламро об шуста барад ҳам, кор надошт… Пештар сарата хам бикун…Ту дони худо! Масъалаҳои давлатдориро кадрҳо ҳал мекунанд ё...
«Шумо, Олампаноҳ…»
«Калиду мадандг дар дасти кадрҳо ё…»
«Дар дасти шумо, Олампаноҳ! Ва ҳама кору ҳама чизу дороиву дунёйӣ дар дасти шумо! Ман инро хуб медонам. Халқ ҳам медонад!
Олам ҳам медонад…»
«Ҳамин хел, ки бошад… Фикр бикун! Ман ҳар ҳатўлро рў ба рў шинонда ҳафту ҳашт намекунам… Лекин маълум буд… Маълум буд, ки ба ҳама шартҳои ман дошт намедиҳад… Ман ўро қасам додам; ба рўҳи падару модараш қасам додам. Савганд нахўрд.
«Ба шумо «вафодор» бошам шуд-дия» гуфт».
«Хуб гуфтааст. Яъне ман саги турми дари шумо».
«Ту ҳам ҳамон хел-ку?! Гапа намефаҳмӣ! Вай рад кард! «Ман ба ту вафодор шуда наметавонам! Як рўз не, як рўз хиёнат мекунам!»
Лекин ў «не» гуфт. «Не» нагуфтааст. Таклифи маро рад кард. Ин хел одамҳо на ба кас эътиқод доранду на ба рўҳи падару модар, на ба Худо! Ҳамин хел махлуқҳои худдонами масхарабоз, ки маънии зиндагиро нафаҳмида, маззаашро начашида, рангу бўяшро надидаву нашунида, дунёбезор шуда, худкушӣ мекунанд…»
«Бар падаратон раҳмат, Олампаноҳ! Акнун ба худ омадед.
Маънии гапи ман ҳам ҳамин, ки барои чунин касон насўзед!
Одаме, ки аз ин дунёи равшан, ки тамоми нозу неъмати худовандӣ ҳаст, баҳрае бурда натавонад, шириниро аз талхӣ, яъне, заҳрро аз асал фарқ карда натавонад; андаруни пўсти худ пўсида равад ё «Ҳамин дунё чӣ дорад?!» гуфта бо ситеза ношукрӣ кунад, аз ў чӣ умед мекунед?»
«Масалан ту, Ҷосу! Дастатро рўйи сина монда, чашмонатро калон кушода, рост ба чашми ман; аз он ҷо рост ба даруни дили ман нигоҳ карда, падару модарро пеши назар оварда, савганд ёд карда метавонистӣ?»
«Чӣ гўён?»
«Ана дидӣ?! Намедонӣ».
«Охир, ман падар надорам».
«Падар надорӣ? Аз куҷо пайдо шудӣ?»
«Модарам гуфт, ки аз хокмолак...»
«Дареғ... Шуморо нашинохта будаам. Кадрҳоро нашинохта, надониста, кор кардан имкон надорам. Бояд аввал одамони худиро, ки вафодор бошанд, санҷидаву дониста сардор хонд, сонӣ ба кор шурўъ кард. Масалан метавонистам се шаборўз хоб накарда, ба хастагиву лоғариву шалпарӣ нигоҳ накарда, «урра!»

пешина
аз 378
навбатӣ