Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Танҳо бегонае якбора ва ё нохост ба сари чунин хўроки шоҳона ҳозир шавад, чизе нагўяд ҳам, худ ба худ андеша карда ангушти ҳайрат зери дандон мегирад.
Агар чунин намебуд, аз тариқи радио ё намоишҳои телевизионӣ ҷор намезаданд: «ба коргарҳои саҳройӣ баъзан-баъзан хўроки гарм ҳам медиҳанд!»
Абдуҳамид ҳам чунин корро мекунад. Ё аз хона дами гарм тайёр карда меорад ва ё дар сари замин тори се санги китфбакитф теғ гузошта хомшўрбо меандозад. Дар бордони мошини ў як дег, як чойҷўш, чанд косаву чумча, дастархон, нону намак ва қанду чойи хушк; вобаста ба фаслҳои сол: тарбузу харбуза, хиёру помидор ва ҳар навъ меваҳои дигар ҷой мегиранд. Он қадар нозук, он қадар раҳмдил ва он қадар бомулоҳиза аст ў, ки кас чӣ хел муносибат ва муомила карданашро намедонад. Ба ҳар ҳол чун худи ў бисёр боандеша ва хушгуфтору хушрафтор ва хушкирдор будан лозим меояд. Бартарии Абдуҳамид аз дигарон он аст, ки дар мошинаш рўзнома ва чанд китоб мегардонад ва ҳар ҷо, ки бекор монд ё шабҳо хобаш набурд, китоб мехонад. Китобҳои дарсии баччаҳо ҳам ба дасташ афтад, мехонад, ки солҳои баччагии онҳо чунин китобҳо набуд. Яке аз сабабҳои камгўйиаш бояд ҳамин чиз бошад. Зеро ба бисёр саволҳои аз ягон кас посух нагирифтааш аз китоб, баъзан аз рўзномаҳо ҷавоб меёбад.
Дўстмурод одами оддӣ нест, чунон ки Абдуҳамид. Лекин ў афсонаро дўст медорад ва қисса карданашро рағбат дорад: «Буд, набуд, Абдуҳамид буд...» Механданд, ки ҳозир ў ягон чиз мебофад. Абдуҳамидро дар замонҳои қадим ё замони Доқёнус бурда мешинонаду афсонаашро сар мекунад:
«Дар замонҳои қадими қадим, дар аҳди аввалодам Абдуҳамид ном марде буд, ки як зан дошту даҳ фарзанд. Бар хилофи подшаҳони дигар зани бисёр намегирифт, ки аз ҳар кадоми он даҳфарзандӣ ба дунё ояд, ҳама олам аз они ў мешавад; ба дигарҳо на ҷой мемонаду на асбоби рўзгор. Аз ин рў бо як зан қаноат намуда, бо нони ҳалол фарзандонро паррончак карда, якеро ба хондан мефиристад пеши мўбадони доно, дигареро чўпон гардонид, сеюмиро кашоварз мешавӣ гуфт. Чорумаш Ҳакимро аз қафои Халил хонданӣ фиристода, ҳакиму табиб мешавӣ гуфт ва хурдаконашро аз пешаш дур накард барои дилхушӣ.
Якеро барои он шубон таъйин кард, ки аз падараш моли зиёд монда буд. Сари чанд вақт мўҳтасибу боҷгирони шоҳ моли падарро зўран кашида мегирифтанд, падар Холиқ аз нав рамаву пода муҳайё мегард. Боз мегирифтанд. Аз нав рамаву пода ташкил мекард. Аз падар замин ҳам монда буд дар пуштаву ёлаҳо. Аз ин рў Абдуҳамид писари дигарро кашоварз хонд. Замоне омад, ки ҳама молу замин миёна шуд ва Абдуҳамид молдориву заминдориро аз баҳри дигарон мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё