Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мошину мошиндорон кор мекарданд.
Мудирро воҳима гирифта буд, ки дар чунин сангистон чӣ кошта мешуда бошад. Ва ҳам кор ниҳоят вазнин. Ронандагони булдозеру экскаватор ва баъзе коргарони геологӣ бо мошини хидматии «Газ»-53 меоянду мераванд. Дар рўзҳои кўтоҳи тирамоҳ баракати кор нест. Ба дили мудир Абдуҳамид, ки онҳо шаббош кор кунанду ҳақашонро гиранд, вале имконияте нест. Аввалан онҳо моҳона мегиранд, дигар ин ки касе ба онҳо музди иловагӣ дода наметавонад. Лекин Абдуҳамид бисёр мехоҳад, чунин кор шавад.
Зеро ў ба ягон кор часпад, то сомон ёфтани он чизи хўрдааш ба танаш ош намешавад. Ва боз медонад, ки худаш чӣ имконҳо дораду коргарони дигар ба чӣ қодиранд ва рўзгор ин хоҳиши ўро парварад ё на?
Булдозерчӣ як термос дорад, ки мебараду меорад. Чой меорад ва дар вақтҳои гармо оби тоза. Дар фўтааш як нон. Баъзе рўзҳо ду тухми ҷўшонда ва ду картошкаи пухта ҳам меорад қатори нон.
Дигар ҳама умр нони хушк. Дар гармо ва миёни чанг, ё шиддати кору баъзан-баъзан аз кор баромадани мошин; ё партофтани башмак (пораҳои тасмачарх), ё баромадани мех (мехе, ки аз миёни дандонаҳо гузашта, пораҳои тасмачархро васл мегардонад), ё ҷўшидани об, ё кам шудани афтол ва тамом шудани салярка...
ҳалқаш ки хушк шуд, аз термос як пиёла чой гардонда мехўрад ва арақи пешониро бо пушти дасти хоколуд ва равғанолуд пок карда, ба таъмир ва ё ба кор омода сохтани паҳлавонаш медарояд.
Вазнинтаринаш он ки сангҳои дар фарқи замин реша гирифта шотуи пешбели онро шикананд ва ё тасма лағзида аз зери ғилдиракҳо гурезад. Корро трактору ронандааш мекунад, аммо Абдуҳамид Худо мегўяд, ки чунин ноомади кор нашавад, зеро миёни корро мешиканад. Дўстмуродро роҳ наздиктар; то Варзи Канда меравад. Аммо Бекмурод ҳар рўз бояд ҳамроҳи экскаваторчиву чанде дигар шаҳр рафта ояд. Якдила нестанд, ки дар чодарҳои геологӣ зандагӣ кунанд. Ба ҳар ҳол дар як гўша, берун аз замин як хайма рост карда шудааст. Аммо Дўстмурод руйи замин нишаста, дастархонашро кушода, нонхўрак мекунад ва агар дар адир ҷой гирад, каҷпаҳлў мезанад. Дўстмурод ҳам мисли Бекмурод одами барзангӣ. Ба назар баъзе баднафсон барин як гўсфандро мехўрад.
Аммо ба ним нону чанд пиёла чой қаноат мекунад. Ё ба гилемаш нигариста пой меёзад, ё одат кардааст ва ё аз чанги замину ҳавои тозаи осмон сер мешавад.
Ўро сабза қолии хушпат ва санг тахти шоҳӣ ба шумор меравад. Ва аз чунин хўроки меросӣ, ки тақрибан ҳамаи кормандони кашоварзӣ, шубонон, сайёдон ва бисёр мусофирону бошандагони ин водӣ якранг истеъмол мекунанд, хории ў намеояд; зеро ҳама якдигарро мешиносанд ва рўзу рўзии якдигарро медонанд. Ягон кас ба чунин кору зиндагӣ эрод намегирад.

пешина
аз 378
навбатӣ