Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Масалан говро гирем: коҳ мехўрад, лекин аз одаме, ки нон мехўрад, фарбеҳтар – гўшташ бомазза, шираш серравған; равғанаш аз равғани аз хориҷа меовардагӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Қурутов ё чанголу карда, занӣ, тамоми рўз маст мегардӣ… Агар ҳамин хел гуфта бошад мутахассис, ҳама аз баҳри дон гузашта, коҳхўрӣ кардаанд. Одамӣ буз, гўсфанд, гов… боз намедонам, чӣ? Ту дидайӣ, ки ягон бор рост аз ҷояш хеста: «Нодуруст мегўйӣ, сардор! Одам ин чизҳои шумо гуфтаро таротар мехўрад. Хушкашро ҳайвон мехўрад!» гуфта бошад. Ё одам сабзиро хому пухта мехўрад, пиёзро ҳам, сирро ҳам… лекин картошкаро пухта мехўрад. Ҳайвон ҳамаи ҳамин чизҳоро хом мехўрад; филмурғ ҳама чизро мехўрад; саг чизҳоеро мехўрад, ки одам хўрда наметавонад. Масалан: устухонро. Мағзашро мехўрад, гўшташро мехўрад, устухонашро пеши саг меандозад.
— Шумо доно, Олампаноҳ…
— Одамӣ миш-мишу вайронкориро нағз мебинад. Сагона ба якдигар дарафтиданро кори баланд мешуморад. Лекин намедонам, ки ҳамин ҷангро саг аз одам омўхтааст ё одам аз саг? Олимон ҳоло ин чизро муайян накардаанд. Аммо мо – мушҳо аз одамон омўхтем. Девори кадом хонаеро сўрох карда шабу ними шаб ё вақту новақт ба он ҷо даромада бошем, ҷанг. Ё миёни зану шў, ё миёни хушдоману арўс ё байни бародарон, кўдакон… Ээээ… Ин таънатиякро мегўйиву ин рияму олоямро мегўйиву… Тамоми гапи ҷаҳонро ё дашномҳои нестдарҷаҳонро аз ҳамон ҷо мефаҳмӣ. Аз ҳама зўраш таънатияк; тамоми сирру савдо фош мешавад. Баъди ин хел ҷангҳо хонавайрон мешаванд оилаҳо. Дуздиҳои милиса сарриштаашро наёфта худ аз худ кушода мегардад. Ҳатто кӣ киро кушт ва барои чӣ кушт.
— Ту бало, Ҷосус!
— Э! Ин хел набуд-ку?
— Ҷосу! Ҷосу!
— Аз як қатра хунам гузаред…
— Гузаштам, гузаштам.
— Ҷанги охирини иҳон сабаб-пабаби сиёсӣ надоштааст. Боз як чизи дигар мегўянд-ку?
— Душманӣ?
— Не. Мехўранду намедиҳанд-ку?
— Иҷтимойӣ?
— Раҳмат ба падаратон! Ин ҳам не! Боз сабабҳои зўри дигар ҳам не! Аз кина будааст. Дар миш-миши байни худашон гуфтанд, ман шунидам. Тақрибан сад сол пеш, як Гурусна бобойи Серро кушта ба тахти салтанат нишастааст. Сонӣ иҳонро сахт азоб дода будааст. Иҳон қасам хўрда будаанд, ки тахташро вожгун насозем, намемонем. Росту дурўғ – каҷдору марез карда мегаштаанду, тагакӣ кора пазонда якбора дар як рўзи равшан ба қасри Зулм зада даромадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор