Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

гўён хитоб кардаанд ва ҳоло саҳифаҳо аз чоп набаромада мушҳои коғазхўр аз изтироби мардум огоҳ гашта, хабар ба Росу оварданд. Боз оварданд, ки сарбозони зиёди лашкари ў аз сабаби надонистани қоидаи роҳ гурўҳ-гурўҳ зери чархи мошинҳо монда нобуд шудаанд. Ягон захмӣ нест; ҳама ҷо ба ҷо нобуд гаштаанд. «Беҳуда лашкар кашидаам ба ин мулк.
Таъбири сарраммол дуруст будааст. Ман ба гапи киҳо даромада ҳукми нодуруст баровардам. Баргардам, Зери Заминро кофта, ёфта пеши рўҳи муқаддаси он донишманди фарзона саҷда хоҳам кард… Умуман чӣ гўён омадам?»
— Олампаноҳ! Ҳама мушоне, ки зери чархи мошинҳо монда мурдаанд, бо айби худашон мурдаанд!
— Чӣ хел?
— Ронандагон фарҳои дурнаморо фурўзон карда мегаштаанд.
Мушҳои бетартибона миёни роҳ монда аз равшании зиёд кўр гашта, роҳро надидаанд ва…
— Дар дигар ҷой нагў… Айби ронандагони бодамаст. Шаҳодатномаро харида гирифтаанд. Мошинро дуруст ронда наметавонанд.
— Фармон: «Дигар сарбозони лашкари Росу роҳҳоро убур накунанд! Аз рўйи тартиботи шаҳрдорӣ аз зери роҳҳо сўрохӣ кофта равуо кунанд! Дар ҷойҳои бемошин… худашон медонанд…»
Рўзномаҳо ба дасти хонандагон нарасида шаҳрро муш пахш кард. Ҳама аз оби наҳр баромада, пайроҳаҳоро тар намуда, мошину мардумро писанд накарда, чун лашкари гушназада ба тамоми гўшаю канори шаҳр ва музофоти он парешон гаштанд. Мушҳое, ки роҳашон дуртар бошад дар зери нишастгоҳҳои автобусу троллейбус ё мошинҳои шахсии ронандаашон аз бепарвойӣ дару шиша напўшида ҷой гирифта, мерафтанду меомаданд. Роҳҳо, гузаргоҳҳо, партовгоҳҳо, кўчаву тангкўчаҳо, ҳавливу ҳарам, ошёнҳои баланд мушистон гашта буд. Як ноомади кор ин буд, ки аз сабаби ҷанги номатлуб ҳеҷ гуна дору ё марги муш намонда буд ва мутахассисоне, ки роҳи бо муш мубориза бурданро медонистанд, бо ҳар сабабу баҳона кўч баста буданд; мошинҳои партовкашро ба яғмо бурда буданд; саг соҳиб надошт.
Алҳол ҷойи мағозаҳои нон, китоб, гул, Олами кўдак, ҷавоҳирот, Варзиш, хўрокворӣ, либос «арақфурўшӣ» ва «Дорухона»
шуда буд. Ҷосу баъди кишварро омўхтан овард, ки ин мардум ҷуз маю дору чизе намехўрдаанд. «Шояд таъбири хоби шумои Олампаноҳ ҳамин бошад, ки онҳо коҳ неву дору хўранд? Чунки дору ҳам аз гиёҳ мешавад?»
— Сагалту! Ин дорўҳо ҳама кимиёвианд! Ман санҷидам! Ба ҳеҷ дард дармон намешаванд. Одамӣ – рама. Пеши роҳаш таёқ партойӣ, ба дигар тараф мегардад. Ягон кас аз телевизораш гуфта бошад, ки гандум, умуман ғалладона зарар дорад, коҳ бихўред, сабукҳазм, фоидааш бисёр…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор