Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Аз ин рў эътибораш баланд...
— Хока... Пешонеш ба девори лаҳад занад, як саг нигош намекунад. Пеши худат барин дармондаҳо обруш баланд. Агар зиндагиаш хуб бошад, ронандаро дошта «имруз идай, ошно» мегуд?..
Мефаҳмӣ ҳамин гапҳора? Ё ман дигархелтар мегум?.
— Не, капитан. Худам борин гап мезанӣ. Китобҳои дарсӣ хондагӣ барин.
— Ээээ... На таърихи КПСС монду на таърихи Руси қадим; ҳамаша хондем... Дидӣ, дар нишебӣ чӣ хел медавад... На бензин лозим, на солярка. Ноинсофҳо ба бензин солярка қуш мекунанд, баъд мошинҳо тир-тир карда дар роҳҳо мемонанд. Ноинсофҳо!
Инсоф нест. Фардо чӣ ҷавоб медода бошанд?
— Кадом фардо?
— Фардо! Рўзи қиёмат!
— Худотарс будайӣ, капитан.
— Ага не, худата меовардам? Ҳеҷ вақт. Худотарс набошад, дар ҳамон ҷо пусида равӣ ҳам, як кас туро ба манзил намерасонад.
— Ба роҳи лиллоҳ... ҳоло доллар ҳам намегирам бугў!
— Ин масъалаи дигар, ошно. Мо шарту байъ кардем. Лафз ҳалол. Пули дунё эътибор не.
— Шўхӣ кардам, капитан.
— Мефаҳмам. Шумо одами нағз. Аката мешиносам. Ага не, туро дар мошин намешинондам.
— Намешинондӣ, мошинатро кӣ тела медод?
— Рост мегўйӣ.
— Акат шоирӣ ҳам дорад-а?
— Амакам шоир.
— Дидӣ, медонам... Хайрият, ки чароғакҳо кор намекунанд, ага не, дар ин ҷо ҳам мемондем. Дидӣ, дар дасти рост ҳам заправка, лекин бензин надорад. Ким-кадом хеши вазири савдо ё раиси нефт харидааст, мегўянд.
— Заправкаро?
— Ҳо. Як заправкаро мешуд, дарди бахайр буд. Оламро харида истодаанд.
— Давлат дигар таъмин намекунад.
— Рост мегўйӣ, ҳеҷ чиз надорад давлат. Лекин хуб мешавад, мегўянд... Текстилро гузаштем-ку, ошно! Як ваҷаб матоъ надорад.
Будагиша афғонҳои гуреза харида, бурданд. Акнун пахта нест, ки бофанд. Ун духтарҳои Ивановоро, ки медидӣ, ягон дона мондагӣ не. Ҳамаш рафтанд. Баччаҳои тоҷикро ҳам ҳамроҳ бурданд.
Лекин кори хуб карданд. Дар ин ҷангҳо ҳам худашон мемурданду ҳам баччаҳои тоҷик.
— Баччаҳои аз писарони тоҷик зоидаашонро?
— Не, баччаҳои нағз дидаашонро... Сабил мон... Дигар намеравад. Чӣ кор кунем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор