Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале чун мошин бозмемонад, лозим меояд, ки Ҳаким фуромада тела диҳад. Зеро ҳам бензин кам ва ҳам аккумулятор кор намекунад. Ҳакими бемадор, ки чанд муддат аз зуъму саркашӣ ва гушнанишинӣ мадораш хушк шуда буд, бадтарин азобро ба гардан гирифт. Вале ҳар бор, ки Ҳаким ба тела додан фуромад, ронанда механдид ва шўхиҳо мекард. «Бузро ғами ҷон, қассобро ғами чарбу.»
— Нест-дия, нест. Вагарна ман наметонам, ки бакро пур карда ғиррас гардам? Бензин нест... Лекин мешавад. Ваъда кардаанд.
Баъд ошно, ман дигарон барин нахал нестам, ки автомат пеши бензинфурўш монаму «пур кун!» гўям. Ё мошинеро дошта, «бензин рез!» гўям. Не ин кори ман не. Худо диҳад.
— Шумо барин касон дар системаатон бисёранд?
— Чӣ хел? Ҳа, ҳама милиса.
— Неее... Ҳамин хел, ки аз худо тарсида муфтхўрӣ накунанд?
— Неъ! Ягон кас нест!
— Ман ҳам ҳамин хел гумон карда будам. Балки дар ҷаҳон нест. Агар мешуд, дар байни подшаҳон мешуд, ки ҳама чизро доранд. Танҳо Худо намегирад.
— Худо мол не, ҷон мегирад.
Ҳаким ба андеша рафт. Ва баъди хеле рафтан ва дар давраи назди бинои нозироти Вазорати корҳои дохила расам-нарасам мошин бозмонд.
— Худо медиҳаду мегирад. Бандеш надодаасту зўран мегирад...
— Мошин монд-э, ошно, мон ин гапҳоро!.
— Фуроям?
— Бензин тамом шуд. Нест. Дар шаҳр нест. Дар ҷумҳурӣ нест.
Ага не, дидӣ-ку, заправка дар таги фукамон... Айби круг. Уна роҳ надиҳӣ, мезанӣ фук ба фук, корҳо ҷиғел мешавад. Телаш мекунӣ.
Ист. Инаш ҳам гузарад. Телаш бикун. Ақлаш бошад, меистодагист. Кур нест; милиса дар сари фармон... Телаш бикун! Акнун дав, ошно! То сари шеб дошта намешавад. Тоз!
Ҳаким даст аз мошин наканда, сараш хам, ба чархи базўр тобхўрандаи мошин нигоҳ карда, гоҳ тела додаву гоҳ дошта то сари нишебӣ омаданд. Ва зери обу арақ монда, даруни мошин нафаси дароз кашид.
— Зиндагӣ ҳамин хел, ошно. Ага не, зану фарзанд намурад, гуфта, шабу рўз сагвор медавӣ... Дар ягон ҷо оташе пиқӣ кунад, милиса; ду кас дастугиребон шавад, милиса; кушанд, милиса; дузданд, милиса; занша занад, милиса; оташа кушад, милиса; мошин ба мошин занад, милиса; арақ хўрад, милиса; нашъа кашад, милиса... Ин чӣ рўз аст, ошно?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор