Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар тохтаву давида намешавад. Роҳ бояд гашт ва ба чизе аҳамият надода, бепарво, чун роҳгузар ҳаракат кардан лозим.
Ў аз роҳ баромад. Гўристони кўҳнаи аз роҳи оҳан болоро миёнбур гузашта, так-таки девори бинои матбаа ва шоҳроҳи бетонии Душанбе – Норакро убур карда чанде роҳ рафта буд, ки аз боло, аз наздикии заправкаи Қаротегин садои ҳуштаки милиса баромад. Баробари ҳуштак ҷони Ҳаким ҳам баромад.
Вале ба чурри ў аҳамият надода сархам роҳашро идома дод ва дақиқае нагузашта милиса ба сари марзаи роҳ ҳозир гашт ва бори дигар чур гуфт. Ҳаким нигарист сўйи ў. Милиса бо ангушт ишора кард, ки роҳгузар наздаш равад. Ҳаким ба пасу пеш нигарист ва ангушт ба сари сина тир карда пурсид: «Ман?» Милиса сар афшонд: «Бале, ту!»
Ҳаким дудила нашуда рост пеши ў омад ва салом дода даст ба вохўрӣ ёзид. Милиса автомати дасташро баҳона карда, даст дароз накард. Балки пурсид:
— Ба куҷо?
— Хона.
— Хонат дар куҷо?
— Дар назди бозори Ҳаштоду дуввум...
— Роҳи Абрешим бугу.
— Бале, командир, Роҳи Абрешим.
— Ҳуҷҷат дорӣ?
— Не.
— Ҳамон касе, ки мо мекобем, худи худат...
Дар дасту пойи Ҳаким ҷон намонд. Аз борон гурехта, зери новадон афтод.
— Шаб дар маҳаллаи Қаротегин чӣ кор мекардӣ?
— Қаротегинро ман надидаам, командир.
— Баҳс накун бо ман! Дузди ҳаминшаба ва одамкуши ҳаминшаба худи худат.
— Баҳс намекунам, командир. Ҳамин қадар мегўям, ки...
— Гуфтам! Баҳс накун!
Ҳаким донист, ки сухани ўро гардонидан суде надорад ва ба ҳар ҳол ба ҳар ҷое баранду бозпурс кунанд, хубтар будагист аз он ки дар зиндони Қорӣ бошад. Ва аҳд кард, ки то ў чизе напурсад, лаб во накунад. Зеро ҳадафи милиса рўшан аст, ки Ҳаким ба он ҳодиса дахле надорад. Хуб... хуб, ки «гуреза» буданашро ў намедонад.
— Занака кушта, ҳама чизашро бурдӣ. Боз гап мезанӣ... Афтат «дузд – ман» мегўяд. Либосат «одамкуш – ман» мегўяд. Худатро мусичаи бегуноҳ мегирӣ.

пешина
аз 378
навбатӣ