Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ку ҳамон дилу гурда, ки ин қадар долларро дар мошини шалақи Зокир бор баста ба Ҳазрат барӣ.
Роҳзанҳо хабар ёбанд, на ғами мову на ғами Ҳазратро хўранд.
Сари ҳар чаҳорамонро мегиранду мошинро ё оташ мезананд ва ё аз
1 вартаи Лучоб так меандозанд, чунон ки бо Форобӣ карданд...
Маро ҳам дуздиданӣ будаанд. Ба сарашон задааст, ки баъд кӣ пул медиҳад ба онҳо? Маро ҳамчун сармоядор эҳтиёт кардаанд.
Онҳое, ки чунинонро зўрашон намерасад, ба Худо месупоранд.
Ман ҳам ба Худо супоридам зўронро, то панҷаашонро қат гардонад.»
— Абдухалил, хобед?
Садои хоҳар. Чӣ водораш кард дар ин саҳари баланд.
— Не, апа. Чӣ гап?
Хоҳар аз дари нимроғ як бастаи латтагиро дароз карда рўйи мизи дами дар гузошт ва оҳиста дарро пўшида, рафт.
Халил, ки тамоми шаб нахуфта буд, ҳатто либос дигар накарда, рўйи рахт дароз кашида, ҷанг бо нобаробариҳо, номардону роҳзанону душманони осудагӣ дошт, пурташвиштар шуд аз чунин омадану рафтани хоҳар. Хест. Чароғ афрўхт. Бастаи рўйи миз гузоштаи хоҳарро бардошту кушод ва ҳама гўшвораву ангуштариву даспона ва гарданбанди заррини ўро дида, хориаш омад ва ҳам андешид, ки синаи раҳм аст хоҳар.
«Бо ин чизҳо кор буд мешуд, боке набуд. Лекин ў як милён мехоҳад. Дар гуфтан даҳон пур мешавад. Аммо чашми танги онҳоро пур кардан... Қаноат-ку надоранд, хок пур кунад рўзе.»


Бовар дорад, ки ин роҳ то Душанбе меравад. Дидбону посбонҳо ва дуздону роҳзанҳо халал нарасонанд, то мазори Мавлоно меравад ва он тарафаш шаҳр аст.
Одамизод сахтҷон будааст; он қадаре ки имшаб ў давиду тохт, варзишгарон намедаванд. Хаёл кард, ки нами танаш хушк шуд ва инак, аз бемадорӣ, миёни ду оҳани дарози беохир ва қатори болорчаҳои зери он афтида, аз ҳуш меравад; ё қатора омада ба ҳуш меорадаш ва ё ягон корафтодаи раҳгузар. Аниқаш ҳамон сепой.
Вале ў наафтида, беҳушона медавид. Пояш пеш мерафту ҳуш надошт. Ҳамин қадар ёд дорад, ки сараш калавид; гирд гашт...
Дертар ба чашмаш нуре расид. Хеле диққат карда дид, ки дар нўги чанорҳои мазори Мавлоно офтоб зардӣ дорад. Ягон панҷдаҳ дақиқа ғанабаш бурдааст паҳлуи болорчаҳо. Рўҳаш сабук.
Гўё аз зиндон зиёдтар дар ин ҷо дам гирифт.

  1. Ҳайдарқул, ки бо герафурўшон ҳамроҳ буда, оқибат чунон куштандаш Акнун хавфу хатар зиёдтар таҳдид мекард; аз байни деҳот гузашта то шаҳр расидан сахт душвор аст.
пешина
аз 378
навбатӣ