Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ягон деҳа, русто ё боғхонае расида, аз дари касе садо карда ҷой пурсад ва шабро рўз карда дар куҷо буданашро фаҳмад ё ба ҷойи ободе расида занг занад ба бародарҳояш, ки яқин шаборўз назди телефон нигарони занги ў ҳастанд.
Метозаду медавад, ки қаҳрамонони афсонавӣ ин зайл намедаванд, Геракли диловари юнонӣ ҳам аз паси ғизоли симинсоқи бодпой чунин намедавид. Ба пасу пеш нигоҳ карда медавад ў, зери обу арақ монда ва ҳалқу забонаш хушк, даҳон воз, аз ҳаво об мегирад. Ва хунаш ба ҷойи об танашро тафсонида, зери пўст виж-виж медавад ва рў мезанад.
Ў таққӣ бозистод. Касе ўро надоштааст, рў ба рў наомадааст, тарсонӣ надодааст, худаш истод. Ва лавҳеро хонд: «Орҷоникидзеобод». Мулоҳизае накарда, худро канори роҳ андохт. Дар паси ҷарӣ ҷой гирифт ва тахмину яқин карданӣ шуд, ки дар куҷост. «Ин кадом Орҷоникидзеобод? Ҳамоне, ки дуртар аз Душанбе, дар ду соҳили рўди Кофарниҳон ё ягон Орҷоникидзеободи дигар? Агар ҳамон, ки мухолифин он ҷоро лонаи хеш интихоб карда буд? Агар ҳамон аст, беҳ бувад, ки чапғалат зада аз беруни он роҳ гирӣ ва ба роҳи асосӣ баройӣ». Аммо самт маълум нест дар ин торикӣ.
Ў ба роҳи Каҳкашон менигарад. Боз муайян карда наметавонад, ки ин лавҳи сўйи Душанбе мебурдагист ё сўйи Ғарму Помир. Ин лавҳи ҳадди шаҳр бувад. То шаҳр расидан вақти зиёд мехоҳад.
Вале рўз наздик аст.
Аммо шаби кўтоҳи тобистон он қадар тўлонӣ тофт, ки Ҳаким ҳамон қадар сол дошт.
Бо вуҷуди он рў ба рўйи лавҳи номи дароз дер истод. Зеро муайян карда натавонист, ки куҷо меравад. Боз ба осмон нигарист ва моҳи нав дар сари кўҳе фурў мерафт. «Ана ҳамин моҳи нав дар тори Душанбе. Он сў бояд рафт. Пас ман дуруст меравам.»
Як бори дигар нигарист ба он номи шинос ва гирду атрофро сокиту ором дарёфта, ба роҳ даромад. Умеде, ки дар дилаш пайдо гашта буд, шердилаш кард. Боз тохт; зайле тохт, ки машъали оламафрўзи Олимпӣ ба хонадонаш мебурда бошад. Вале ҳоло аз шаҳри хуфтаи бисёр азиятдида ва зери пойи ҷанговарони бефаҳму гаранг монда, шаҳри тирхўрдаву поймолгашта ва ҷангзада дарак набуд. Гўйӣ дам мегирифт ва пагоҳ бо рўҳи тоза ва нерўи нав афтодаҳову рехтаҳову гаштаҳо ва сўхтаҳоро мебардошт.
Аммо гурезаро бо ин роҳи хунолуд ва танку мошинҳо шудгоркарда рафтан имкон надошт. Зеро дар ҳар сари қадам бо силоҳу шатта пешвозаш мегирифтанд. Ин чизро яқин медонист. Чун ба шаҳри хуфтаи чароғҳояш кушта ва симу симчўбҳояш кандаву афканда ва сими арзизии барқовари аз нўки сутунҳояш баҳри тиҷорат бурида наздик омад, бозистод ва хешро ба торикии девор кашида, ёд овард ва андешид, ки Кофарниҳон дар куҷост ва ин шаҳр то харобу сўхтанаш чӣ гуна буд?

пешина
аз 378
навбатӣ