Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Бархестан ва давидан дигар бегона метобад ва мадоре надорад, ки ҷунбад.
«Ҳар чӣ бодо, бод...»
Ин хулосае буд, ки ў тан дод ба ҳама чиз, ҳатто ба марг. «Имрўз ё фардо кас мемурад. Чӣ фарқ дорад, ки кай мемурад. Аз мурдан набояд тарсид. Вале кас дар болини хеш, дар иҳотаи пайвандон мурад, беҳтар. На чун саги бесоҳиб, ки баъди аз кор баромаданаш ва ё гаргин гаштанаш, чашмашро баста, бурда паси кўҳҳо партоянд, то бозпас наояд». Ин бор мошинҳо пай дар пай мегузаштанд ва ба хестан имкон намедоданд. Гўё ўро дам медоданд.
Ў дар сар ҳазору як андеша дошт: мурдан мехост ва чун дамаш ояд, умеди зиндагӣ карда боз хеста, атрофро аз назар мегузаронд ва метохт. Ба назараш буридаҳои ноне, ки ба рўзи мабод дар кисаи шим ҷой карда буд, халал мерасонд. Кафшаш ҳам вазнинӣ мекард; худаш низ дар ин зиндагии дунпарвар бори гарон менамуд. «Чӣ ҳаст ин зиндагӣ? Хўрдану ридан... Барои як луқмаи ҳаром ин қадар ҷафо. Кош гуноҳе дошта будам, ки... Неее... Гунаҳгорон бегуноҳанд; бегунаҳон – гунаҳгор... Падарамро бинам...
Модарамро бинам... Бародаронро бинам... Донанд, ки ман зинда.
Баъд мурам, беармон...»
Дар канори роҳ лавҳае баромад, ки дар танаи сутуни бетонӣ сарозер меистод. Аммо ў дар торикӣ хонда натавонист. Чашм дур бурду наздик овард ба лавҳ, надид ҳарфҳоро. Мошине омад аз пас.
Фирорӣ парчи замин шуд дуртар рафта. Ва чун чароғи мошин ба он лавҳ рост шуд, тону нотон хонд: Чертак.
«Пештар «Гургхўрда» буд. Инаш – Чертак. Худоё, ман дар мамлакати туркҳо чӣ кор мекунам? Чаро маро ба ин ҷо оварда бошанд? Он шаб, ки зиёд рафтанду рафтанд ва номи Шаҳри Тусро гирифтанд, беҳуда набудааст. Маро назди қарлиқҳо овардаанд, ки тоҷиккушӣ кунанд... Худо, амон бидеҳ!»
Акнун аз ин чиз мегурехт, то ба дасти тоҷиккушон наафтад.
Аз рўйи нангу номус ва бегуноҳӣ, ки ба чунин рўз гирифтор шудааст, мурдан аз ҳама чиз осонтар ва беазоб метофт ва ҳоло мисли ҳамон сагест, ки аз ташнагӣ забонаш як ваҷаб овезон гашта, дилак мезанад. Гўё дар биёбонест, ки нишоне аз об надорад.
Мурдан хоҳад. Вале чун марг наздик шавад, тарсад. Ҳамаи он мошинҳо ба назараш марговар ҳастанд; шабгарди ғоратгари дуздон бо он мошинҳо мегарданд, вагарна дар чунин солу замона, гаштан як рў, аз хона бурун омада наметавонанд. Шом нашуда одамон аз хонаҳо бурун намеоянд. То субҳ шаҳр дар ихтиёри дуздону яроқбадастон. Саворони мошинҳои шабрав ҳам ҳамин қабил касон ҳастанд. Аз ин рў Ҳаким ба пешвози чунин мошинҳо намебарояд, даст намебардорад.
Боз медавад. Ҳама андешаҳои мағшуши хешро барандохта ва ё аз беҳушиву нобасомонӣ фаромуш карда, медаваду медавад, то ба манзиле расад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор