Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Илоҷашро ёбед, мулло Забур. Шумо медонед ҷойи шамолрави кўҳҳоро.
— Медонам, ки мегўм-дия! Аз Арчамайдон хубтар ҷое нест.
Дар рўйи сабза шишта тамошо кардан мегиред.
— Росту сими электрикро дар кадом разетка халонда, телевизор тамошо мекунед?
— Сим бошад, разетка ёфт мешавад.
Вале маслиҳат шуд, ки ходаҳои чормағзафшониро ба ҳам баста, антенаро баланд бардоранд, зоро гирад. Нашуд. Забур ҳамчун соҳиби кўҳ аз ҳавлиаш ду чўби дарози арчаро овард. Усто пайваст. Қариб сенздаҳ метр шуд. Боз нагирифт. Чиҳил метр турба бардошта, антенаро дар тораш гузоштанд. Биҷир-биҷир кард.
Мавҷ зиёд шуд. Хиш-хиш ҳам. Як мағали футбол барин садоҳо омад. Забур дод мезад: «Антенаро тоб деҳ!» Вале чизеро нишон надод. Забур уффф гуфта нишаст рўйи тахтасанг..
— Ман надониста гап намезанам...
— Оқибат гуфтаи шумо мешавад, мулло Забур.
— Барои ҳамин, Абдуҳамид, сухани маро дар замин задан хуб нест.
— Рост. Лекин як бор ҳамин антенаи чилметраро дар нўги дарахти чормағз бандем; қариб ҳафтод метр мешавад.
— Сад метр шавад ҳам, намегирад, Абдуҳамид. О ман характери ин кўҳҳоро медонам-ку! Агар ҳар чизу ҳар касро ин кўҳҳо роҳ медоданд, на Искандар аз ин ҷо мерафту на Темури ланг...
— Гирифт?! – аз тори дарахт дод зад устои камдон.
— Не!
— Гуфтам-ку... Аз замин намегирад. Антенаро дар моҳу ситораҳо начаспонед, намегирад. Медонам, ки мегўм. Ба кўҳи Поғар бароред ҳам, худо донад гирифтанашро.
Сару рўйи Абдуҳамидро арақ пахш кард; аз бебарории кор ё аз шарм, ки дар Тошканди ҳамвор телевизор тамошо карда, кўҳҳои Панҷрўдро ба ҳисоб нагирифтааст. Зеро ин кўҳҳо на танҳо душмани омада, балки бодҳои самуму шимол ва балоҳои осмониву заминиро бармегардонад. Ҳар балое, ки омад, ба шахҳои сахт бархўрд; ҳатто Рўдакиро ба Бухоро бурда кўр карданд. Зеро дар ин макон кўҳҳо метавонистанд ўро паноҳ диҳанд ё ҳимоя кунанд. Бо миёнбанд арақи сару рўй, гардан ва дастонашро пок кард Абдуҳамид. Сонӣ тори тахтасанги азими Падора (дандона) нишаста андаке андешиду дам гирифт ва чашмаш ба кўҳҳои сўхтаи ҷониби офтобрўя афтид.
— Шояд аз кўҳи Ковона ё Уффор гирад, мулло Забур?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё