Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Ман шуморо барои ҳамин хабар карда будам, мулло Забур.
— Абдуҳамид, як рўдаи дароз харида меоред, ки аз ҳамин ҷо то нўги кўҳи Ғарғанич расад (геологҳо доранд ин хел рўдаро). Ё рўдаи дарозтар ёбед, антенаатонро дар баландии Арчамайдон бурда мезанам.
— Пеши суханатон, мулло Забур, кўҳи Булбулон гўед, ё Деворсанг гўед.
— Ман ҳамчун кўҳбон, медонам, ки ҳатто аз Санги Шикоф ҳам намегирад. Арчамайдон гуфтани ман чунин маънӣ дорад, ки телевизоратон тамоми оламро нишон диҳад. Хароҷот зиёд шавад ҳам, гирад. Тамоми мардуми водии Зарафшон ба ҳавлиатон тамошо оянд.
— Кошкӣ, кошкӣ!
Вале баҳсу шарти кўдакон дигаргуна буд:
«Биё шарт!»
«Чӣ шарт?»
«Гирад, ман ба ту як барра медиҳам. Нагирад, ту ба ман як барра медиҳӣ!»
«Бузғола!»
«Дидӣ: чӣ ҳиммат дорӣ? Бо чунин ҳиммат умедвор, ки телевизор оламро нишон медиҳад.
«Ман нагуфтаам, «оламро нишон медиҳад», Бобойи Забур гуфтанд»
«Чӣ фарқ дорад, ҳамин хел гуфтанд.»
«Хайр, ана даст деҳ. Барра бошад, барра.»
«Бобойи Забур бурред! Телевизор нишон диҳад, ман ба Ҳаким як барра медиҳам. Нишон надиҳад, Ҳаким ба ман як барра медиҳад.»
— Аз даҳанат бод барад, баччем, мегирад... Шумо хафа нашавед, Абдуҳамид, мегирад. Мегираду дертар мегирад. Ҳама гуфтаҳои маро ба ҷо меоред. Меҳнати зиёд сарф мешавад, сонӣ мегирад.
— Харҷ шаваду гирад.
— Мегирад, мегирад! Агар нагирад, худамро дар фалак овехта, як поямро дароз карда, антенаатонро дошта меистам, мегирад.
— Ман медонам, ки аз дасти шумо чунин кор меояд. Лекин ман як пойи антенадори шуморо ба ҳазор телевизор иваз намекунам.
— Ман медонам, ки мегўм.
Баччаҳо даҳон кушода, гўё бо гўш не, бо вораҳову дандонҳояшон сухан мешунида бошанд, бо завқ ва ҳаваси зиёд суханони ононро мешуниданд. Гоҳи сухани Абдуҳамид ба даҳони ў дида медўхтанд; гоҳи даҳон кушодани Забур ба рўйи парзада ва ранги сахт офтобхўрдаи ў. Ва ў ҳар чӣ гўяд, бо завқ механдиданд. Зеро Забур ҳамчун хушгўй ва ширинкор дар миёни мардум шўҳрат ёфта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё