Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Медий пеш аз он ки ба хидмати шоҳ расад, Иоллайро ҷўё шуд, дар ҷое пайдо накард. Парешон шуд ва хавф кашид, ки ў коре карда бо шоҳ, вале то ба охир нарасонида, Неархи зирак огоҳ гашта рондаш ва тарафгириаш Иоллайро беҳуда будааст.
Ў ворид гашт рангпарида назди шоҳ Искандар. Чашмдор буд, ин бор писари худо ба бозӣ ва ё сўҳбат нахонад, балки ҷазояш диҳад; ё ҳукми куш барорад ва ё ба дасти ҷаллод супорад.
Ба рағми андешаҳои ноумедиаш Искандари лоғару нотавон ўро хуш пазируфт. Медий нишаст назди тахти шоҳӣ. Ва садои задани дилаш аз курсии зери рони Искандар меомад, ки баъди беморӣ нав бар маснади оҷ нишаста буд. Медий дилсўзона нигарист ба шоҳи ҷаъдмўйи ростбинии обичашм. Таровати рўйи ў парида, биниаш теғ кашида, зери пўсташ коҳида, зардобранг гашта буд. «Ба чӣ кор маро хонда бошад? Барои васият? Барои қасос? Ё...»
«Чаро ҳаросонӣ, Медий?»
Медий медонист, ки шоҳ албатта пурсон мешавад, аммо намедонист, ки чунин суол пеш меояд. «Шояд саромади сухан бошад?»
аз дил гузаронд ва посух дод:
«Танҳо ман ҳаросону ҳайрон наям, шоҳ, тамоми дўстон, мақдуниён, юнониҳо ва ононе ки бо шоҳи ҷаҳон унс гирифтаанд, ҳайратзада ҳастанд, ки чӣ шуда бо шоҳ».
Искандар ҳарчанд дарёфт муроди ўро, гўлпурсӣ кард:
«Чаро?»
«Кадом раият хоҳад, ки шоҳи одилу фарзонааш нотоб бошад?»
Искандар пай бурд, ки Медий хушомад занад. Зери ҳарфаш чизе лағжон бувад, чунон ки ҳаракати чашмонаш, нигоҳаш.
«На, ман нотоб наям, Медий. Ман худозада ҳастам. Худоён маро ба чунин ҳол оварданд.»
Медий чизи дигар чашмдор буд аз шоҳ; пиндораш ба ў зимоми зиндагонӣ бахшад; васият кунад, ки мўҳри давлатдорӣ бипазирад, аммо ў дар чунин ҳолат киноя занад ба назар. Дар асл кўдаквор нигарони дасти ёрист. Тан дода ба тақдир. Ў хешро боақл ва пиртар аз пирон медонист ва тавонотар аз пилон ва чобуктар аз шеру паланг, пурғазабтар аз хирс. Медий ёд дорад, ки дар
1 доманаи дижи кўҳии Ориёмаз барои «Чун бол надорӣ, ин ҷо баромада натавонӣ!» гуфтани суғдиён чӣ хашм гирифта буд.
Ҳолиё тан дода ба қисмат, ситезе надорад, шўру шарараш хуфта, ғалаёни хунаш фурў нишаста, ҳатто ёд накунад аз зиёфати хонаи ў, аз он меҳмони аз Неархи дарёгард зонухўрда.
- Ғори Суғд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор