Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

заҳр чунин кора кунад: оҳиста, муттасил ва ба тадриҷ. Донад, ки заҳр зудгир бувад ва ҷом аз даст нагузошта кора кунад. Магар позаҳр хўрда бошад.
Ё ҳавои тоза ва ё гиёҳҳои монанд ба позаҳр кўмакаш карданд магар, ки шоҳро чашм равшан ва ҳуш бар ҷо шуд. Нерўе пайдо гашт, ки они худшиносӣ то ба ҳол ҳама рўйдодҳоро пеши назар овард. Ва он ҳама тартумартҳо, тохтҳо, куштору сўхтору рабуданҳо ва ба авҷи дунёдорӣ қиём кардан; ниҳоят, то ба худойӣ расидан пеши маризӣ ва марг ҳеҷ аст...
...Ва аммо якбора манзара дигар шуд: жола борид аз осмон. Бузургу пуршасту тез, ки дар они воҳид ҳамаро «Оби Азов» гирифт, вале ташнагии Искандарро рафъ карда натавонист. Донаҳои жола монанд ба барф на, балки зуғолро монад; сиёҳ, бадранг; лошахўронро ба ёд орад. Воқеан, лошахўрон буданд, ки чун жола аз осмон бе пару бол лўб-лўнда фурў меомаданд ва ба замин бархўрда об мегаштанд. Ҳайратовар. Аз рўзе ки Искандар ба куштан оғозида буд, мурғони баднаморо медид. Аммо на чунин. Онҳо пару бол доштанд ва аз осмон бо болу пар фурў меомаданд. Ҳолиё чун сангчаи сиёҳ ба андозаи жола ба замин мезананд. Намиранд он мурғон, садо надиҳанд, ба замин бархўрда ба кирдори ҳаппак боло нашаванд, балки зуб гарданд. Бар замин як пардаи қиргун доман густарад ва оҳиста-оҳиста фаро гирад оламро...
«Модарам, Олимпиада! Чаро зоидӣ маро?!»
Касе гумон надошт, шоҳ Искандари писари худо ва ё Худотарош ба чунин рўз расад. Бавижа худи ў чашмдор набуд чунин лаҳзаро. Аз осмон мор бориданро дида буд, аммо надида буд, ки мурғони баднияти зиштсурат мурда оянд аз само.
«Модарам, Олимпиада! Чаро ятим кардӣ маро!? Ҳама бепадарон зуд падар шудан хоҳанд, модар! Ва онҳоро ҳадду сад набувад...
Мани бепадар пинҳонӣ аз ту ятимиамро ниҳон дошта худоёнро падар хондам, суде накард. Модар, худоён ҷойи падарро нагиранд.
Падар бузургтарин худованд бувад. Ту бояд ин чизро ба ман мефаҳмонидӣ. Баракс маро бепадар кардӣ, падарбадбиниро омўхтӣ...
Ва ман туро дўст доштам, модар, ки марди мардон ҳастӣ, бояд ки туро зарнигор гардонам. Афсўс... сад афсўс! Гумон накун, ки фаромўшат кардам. На... Ёди ту дар ҳар ҷабҳа маро пирўз мегардонд.
Мешуд, ки ба навиштан вақт намеёфтам. Ба касе фармоям, хуб набуд. Зеро ў дили маро навишта наметавонист, дигар ин ки хати маро ту шиносӣ ва аз он нома бўйи ман наояд. Парешон гардӣ, ки бо ман коре шуда. Оҳ модар, агар донӣ, ки писарат...»
Якбора сар бардошт Искандар ва фарёд зад:
«Қаламу коғаз биоваред!»

пешина
аз 411
навбатӣ