Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳдухтарони эронӣ аз шарм сари болини ў наомаданд; Барзин чун пешин зуъм дошт.
«Ба қурбонгоҳ баредам!!!»
Бурданд ба қурбонгоҳ. Рўйи дастак бардоштанд ва бурданд, то қурбонӣ кунад ба номи худоён. Қурбониҳои ройгон ба даст омада гўйӣ мехариданд гуноҳонашрову ҷонашро. Ин қурбонӣ монанд набуд ба қурбониҳое, ки бо шўру валвала мегузашт. Писанд наомад шоҳро. Ҳарчанд ситезу ғазаб дошт, гуфта натавонист; тавонаш нарасид. Аён буд, ки шўраду ситезад ларзаи танаш пайдо гардад. Фурў нишонд хашмро. Ва мижгон ба ҳам фишурд, ки розӣ набувад аз чунин қурбонӣ. Дар асл қурбонӣ аз маъракаҳои дигар тафовуте надошт. Ба назари шоҳ чунин метофт. Зеро тани дардманди ў шукўҳи қурбонӣ мехост, ки ҳар қадар дабдабааш зиёд бошад, ў зудтар ба по шавад. Чун забҳи зиёд шуд ва Искандар беҳие надид, пиндорад кам аст қурбонӣ.
«Сар гиред ба номи худоён! Асбон, шутуронро қурбон кунед ба пойи худовандон, то ҷурму гуноҳи сипоҳи румиро пўзиш кунанд!»
Асбони нерўмандро каманд ба пой кашида меафканданд, шутурони гардандарозро аз чанд ҷой теғ меронданд. Сайҳаи асбон ва нафири шутурон гўши фалакро кар мекард. Вале Искандар пиндорад ин ҳама андак бувад, зеро зўру тавон барқарор нашуда, равон оҷиз гардад.
«Ай худоён! Пўзиш ва ниёиши маро бипазиред!»
Вале чизе аён нашуд шоҳ Искандарро, ғамӣ гашт. Тавони амр надошт, чашмаку мижа зад, то барандаш. Қурбониҳои вопасин пўсту пора нагашта ва напухта, ба тахти равон нишонданд ва бурданд ба фароғатгоҳ, шояд оромӣ ёбад ва ба худ ояд.
Чизе напурсид аз касе, чизе нагуфт ба касе. Чунон ки мепечид аз дард танаш, аз андеша меҷўшид мағзаш. Аммо ситезу амру фармон ва хурўшу ғалаёни хун нимбисмил буданд; дар хаёлаш бошанд, андар равонаш нимҷон гашта. Ҳолиё хаёлаш ситез дорад, вале ҷисмаш хуфта. Ваҳшонияташ фалаҷ гашта ва касиаш рў зада.
Аз лавҳи хотир гузарад, ки чӣ гуноҳе карда ва чаро ба чунин рўз расида? Ҷурме ба ёдаш наомад. Агар хун рехта, ба хотири некӣ рехта, агар мулкеро хароб карда, ба хотири ободонӣ хароб карда; агар зар ҷуста, барои хазинаи Мақдуниё ҷуста; агар гуноҳе карда, аз баҳри мақдуниён карда... «Худоён, бубахшед маро! Агар касеро ҳукми қатл гуфтам, кайфари амалаш буд!»
Зўраш набардошт ғалаёни андешаҳои ғамбор ва хотироти нангинро, ҳарчанд ки пора-пора, андак-андак ва печ дар печ буданд. Боз арақ пахш кард танашро. Пизишк ва ҳакимон натавонанд кўмаке кардан ва ё бархе нахоҳанд, ки шоҳ Искандар зи нав гом бардорад бар арзу тўл.

пешина
аз 411
навбатӣ