Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Шумо шоҳ, бояд ба дасисаву бўҳтонҳои нотавонбинон бовар намекардед...
— Чӣ гуна бўҳтону дасиса?
— Дурўғҳое, ки аз Юнон оварданд..
— Ту бовар дорӣ, ки касе барои бўҳтон задан ин қадар роҳи дуру дарозро бипаймояд? Сари киро мор газида?
— Зарур шавад, ояд, шоҳ. Моргазидаҳо низ кам нестанд.
— А-а-а... Акнун ба худ омадӣ! Яъне онҳо ранҷида аз касе маҷбур шудаанд шоҳро арза кунанд?
— Онҳо маҳз роҳи дури назарфиребро истифода мекунанд, то маккориашон пардапўш монад.
Заҳрханда кунад шоҳ фиристодаи рўйинатанро:
— Ҳайфи шумо, агар ба мардум андаке ноинсофӣ карда бошед! Миси тиллокориҳои муғамбиронаи Арасту низ хоҳад баромад..
Моту мабҳут монд Кассандр, ки чаро Искандар устоди худ Арастуро дониста донаи номардумӣ мекорад: «Шояд пиндорад, ки Антипатр бо ройсозии Арасту корҳои ноҷову нохуб барад?»
Дергоҳ ба худ наомад писари Антипатр, аммо шукр гузорид, ки аз назди шоҳ бадар хоҳад рафт ба озодӣ, ки Искандар бо чунин суханҳо ва нобоварӣ ба падараш ўро қатл нафармуд. Ҳар қадар шукр зиёд мекард, он қадар кина дар дил мегирифт. Фурсат меҷуст интиқом гирад аз шоҳ. Вале аз назди шоҳ бадар нарафта, чунин фурсат фаро расид: наздикони шарқии ў биомаданд пеши шоҳ ва зону заданду сар андохтанд. Кассандр, ки бори аввал ба хокиён намоз овардани инсонро медид, ҳайрон монд ва дер тоқат накарда қаҳқос зад: «Қаҳ-қаҳ!!!»
Чунин хандаи ноҷо ва тамасхуромез ба ғазаб овард шоҳро. Ў худдорӣ карда натавониста, наздикони шарқии намозовардаро низ ба инобат нагирифта, дандон соид, то буғзи дил бикафонад.
Он чӣ карданӣ буд бо писари Антипатр, пайту фурсат намеёфт, баҳонаи боб донист хандаи иблисонаи Кассандрро. Гом зад сўйи фиристодаи нобоб ва дудаста аз мўйи сари ў гирифт ва сараш бикўфт ба девор. Чун раҳо кард, Кассандр карахт буд.
Маълум набуд, ки аз лат карахт шуда ва ё аз кирдори шоҳ. Андаке истод, баъд чун ҷуволи холӣ афтод ба фарш.
Вақте бедор шуду ба худ омад, дур аз шоҳ дар паҳлў Иоллайро бидид:
— Ман дар куҷоям?
— Дар ҳуҷраи Иоллай.
— Иоллай? Ту куҷо будӣ?
— Дар ҳамин ҷо туро нигарон будам. Ту чаро якрост назди шоҳ рафтӣ?
— Гумон кардам кор хуб мешавад, бад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор