Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

буд. Ҳарчанд ҳама сарбозон банд ба сохтмони мазори дўсти шоҳ буданд, он дараҷае, ки шоҳ мехост, шакл намегирифт.
Дар ин миён даври Протей фаро расид: худ аз худ ҷойи Гефестионро гирифт. Вале Протеи дерошно Гефестиони худкору худрой шуда наметавонист. Аз ин рў Искандар хешро танҳо медид. Ҳатто Биталомуси Пилзўр ҳам ба дарди ў даво шуда натавонад.
Ва инак шоҳ худро танҳои танҳо дарёфт, ки зану фарзанд ҳам ба дарди ў дармон нашаванд. Гила карда тавонад, аммо костагиҳои ақлу рафтори худро дида натавонад. Гоҳе алам мекашад, ки кўрнамак, ватанбезор, бегонапарвар, баъзан бехудо хонандаш. Ҳол он ки ў писари ҳама худоён аст. Худкому худройу худкор бувад ва аз роҳаш нагардад; агар дар пеш оташ аст, оташро бояд бигзарад, агар об аст, убур бояд бикунад, агар садд аст, бояд бишканад.
Буд чунин то имрўз. Ҳоло ҳам ғайрат ва ситезу шўр дорад, аммо эҳсос кунад, ки фара надорад. Шояд ин чизро дарёфта норозигиҳо кунанд. Вале норозигии модараш Олимпиада дигар аст. Ў надонад чунин ҳолу рўзи писарро, вагарна чун модашери хашмӣ расида буд ба корзор. Ўро мерасонанд, ки Искандар сиҳатманд аст ва даст аз пархош накашад. Аз ин рў модар орому баъзан аз рафтори писар норозӣ. Нома мефиристад, ки писари оламгираш бозгардад. Агар на, Мақдуниёву Юнон хароб гардад аз дасти Антипатри худком; номи падараш Файлақуси Дуввум сутурда гардад аз рўйи лавҳаҳо ва дар ояндаи наздик Антипатр хешро шоҳи мутлақи Мақдуниёву Юнон эълом дорад. Искандарро чун хоини Ватан донанд...
Искандар сар кафонад, ки кадоме аз чунин хабарҳо дуруст бошанд. Нигарон бувад, ки Кратер кай расад ба Юнон ва пайғоме фиристад. Вале дараке набувад аз ўву аз пайғомаш. Искандар бо сипаҳбад Кратер ончунон сўҳбат карда буд, ки ҳатто муши девор огоҳ нагашта. Бояд дар Рум кор ранги дигар гирад, на ончунон ки Олимпиада пиндорад. Шахсияти фавқулодда, рўйинтану безавол ва оламгиру писари худо ном баровардани Искандар Антипатрро низ ба андеша водор карда буд. Борҳо шод шуд аз маргҳои ногаҳониву дурўғини шоҳи мақдунӣ, ки давлату дунёйӣ вомонд ўро... вале чун пайки бозгаштани шоҳро шунид, ба пўстинаш кайк даромад. Худсариҳо, хешро сарвари Рум донистан, ганҷу гарди хазинаро беибо пош додан ва бо Олимпиадаи мардхў шўридану таъна бар ў заданҳо новақт будааст. Худро андар Мақдуниёву Юнону Балкан фармонфармо шинохтани Антипатр низ аз рўйи хирад набуда; ў хешро шоҳ донист, ҷондорҳо гирифт, саркашиҳо кард аз амри Искандар. Дастнишонда кайҳо бояд мерасид назди шоҳ бо сипоҳи мададрасон, аммо аз таҳдидҳои Олимпиада кебида, аз сафари назди Искандар худдорӣ кард, ки хоҳ-нохоҳ шоҳ огоҳ гардад аз кирдорҳои гумошта. Аз ғазаби шеронаи Искандар метарсид, беандешагӣ ва нархи сабзиву пиёзро напурсида ҳукм бароварданашро низ медонист, пойи рафт боздошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор