Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яқин Искандар ҷанозаи Дорои Саввумро ёд оварда чунин рафтор кард, то шукўҳу шаҳомати шоҳиву давлатдориаш аён гардад. Дар роҳи дароз, зери андешаҳои беохир ба сари шоҳ Искандар хаёли мурдан зад ва дарёфту дид, ки чӣ осон бувад чашм аз олами равшан пўшидан. Ҳарчанд борҳо бистарӣ гашт ва гоҳе мурда, зинда шуд, андешаи ғофилмаргӣ ба сараш наомада буд, ҳолиё сукуту пинак андар гардунаи шоҳӣ ҳама гузаштаву имрўзаи ўро пеши назар овард; аз мурдаи ногаҳонии падар – Файлақуси Дуввум то марги нобаҳангоми Гефестиони дўсти ҷавонӣ як-як даргузаштанд аз зеҳни ў. Куштаҳои хешро низ фаромўш накард; дониставу надониста, ҳаққу ноҳақ амри куш гирифтани наздикону ҳамразмон инак мўйи бадани ўро сих мекунад: «Чӣ осон бувад мурдан, чӣ сангин бувад бемаргу анўша будан?»
Ў сар бардошт таърихи ҷангҳои Искандариро аз зеҳн гузаронид. Баъд ба саворони гардунаҳо ва асбон нигарист. Монандие надошт ин сипоҳи ғамзадаи сархам ба лашкари Искандар. Лашкари ў замонҳои зиёд ба кирдори галаи гургони чилла масту ҳамлавару тезу ҳушёр ва тезхуну тезчангол буд. Ҳолиё бад-он монад, ки гургон рамаи бешубонро пешандоз ба ҷое баранд, ки обу алафе надошта бошад. Гирифта ва ғамзада буданд; андешаи марги хешро доштанд. Дастаи ў корвони тороҷгаштаро монад.
Ба назари шоҳ на танҳо Гефестион мурда, балки ҳама мурда метофтанд. Ва ё пати мурда зада: асбобҳо, оҳангҳо, гомзании асбон, гирд гаштанҳои чархи гардунаҳо, сукути саворону ёлу фиш ва тану тўши асбон беҷону равон метофтанд ба назар. Ғамбор буд осмон, маҳзун буд биёбон, гиря доштанд рўдҳо... Ин ҳама аз назари шоҳ Искандар буд, ки ҷанозаи хештанро рўйи гардунаи шалақ сўйи Мағриб равон медид. Бо чунин номвариву завқи ҷавонона ва бо чунин ҳақириву андешаи пирона роҳи вазнину дилгирро мепаймуд. Чӣ зарурате дошт чунин шаҳр ба шаҳр гардонидани ҷанозаи солори сипоҳи савора, касе намедонист.
Искандар дархост кард чошнигари таоми шоҳӣ – Иоллаи пури Антипатрро ва гоҳи дар канори рўдаки кўҳӣ нафас рост кардани корвон ўро оварданд назди шоҳ. Искандар, ки чанд рўз пеш сариаспӣ аз бозгашту ҳоли падару вазъи Юнон пурсон гашта буд, имрўз муфассал ва бо мақсад пурсид:
— Гуфтӣ, ки ҳама хуб. Боз чӣ навигариҳо дар Юнон?
— Навигарӣ... хуб... Ҳама нигарони бозгашти шоҳ...
— Чаро Антипатр наомад?
— А-а, а-а... меояд...
— Кай?
— Ҳоло сипоҳ ҷамъ накарда...
— Чӣ хел? Ман туро барои чӣ фиристода будам?
— А-а, а-а... ба омадани шумо тайёрӣ медид падарам. Сипоҳро дур карда буд, ки нонхўри зиёдатӣ...

пешина
аз 411
навбатӣ