Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Асрори ниҳонии ўст, ки касе то абад огоҳ нахоҳад шуд ва асбоб нахоҳад донист.
Дар базми оштӣ ҷуз румиён порсҳо, эрониён, ҳиндувон, арабҳо, суғдиёну бохтариён ва дигар намояндагони халқҳову қавмҳо ҳузур доштанд. Ба номи худовандон қурбониҳо карданд ва намоз оварданд. Искандар гоҳи сухани оштиву самимӣ, ки ба ҳурмати худоён ва бандагон буд, дар радифи номи Зевсу Дионису Геракл, исми Аҳура Маздоро зикр кард. Раммолони мағрибӣ ва коҳинони мисриву порсӣ пешгўйиҳо доштанд. Минбаъд худоёни шинохтаи шоҳ барои империяи сохтаи Искандар баробар бояд хидмат кунанд.
«Мададгор бод Зевси Барроқ!»
«Ёвар бод Аҳура Маздои пок!»
«Равоншод бод Аммони беназир!»
«Поянда бод Геракли диловар!»
Искандар шод буд, ки ду кори нек шуд: яке он буд, ки андар Шуш базми издивоҷ барпо гашт. Дигар ин ки базми оштӣ дорад.
Чунон шуд, ки шоҳ мехост. Ва танҳо баъди чунин хушҳолӣ солорони сипоҳ, сипоҳиёни озодгашта ва ҳама хидматгузорони мақдунӣ метавонанд бо хотири ҷамъ ҳамроҳи арўсони пазируфта ба Ватан баргарданд. Шоҳ сипосгузорӣ кард мақдуниёну юнониёни ранҷида, пир ва афтодаро қабл аз гусел...
БАНДИ ҲАФТУМ
Искандари дўстдори варзишу оварду пойгаҳро маҳрум сохтанд аз пойгаҳи асбон. Аз он ки дар асписти Мақдуниё шоҳи навҷулус ҳамроҳи модараш ва дигар пайвандон Онаниюси тоҷир ва духтараш Тойис пойгаҳи асбонро тамошо карда буд, бори дигар дар таковаргоҳи кушоди Экбатони Порс чунин намоиш баргузор шуд. Шоҳ пойгаҳи асбонро дўст медошт, ки дар чунин бозӣ макру ҳиял ба кор наравад. Асби пасинро аввалин шуморидан ба чашми ҳама мехалид чу хор. Дар дигар бозиҳо ғиромӣ кардан имкон дорад, аммо дар ин бозӣ ҳама чашмон доварӣ кунанд. Дар пойгаҳи пиёдагон низ ҳамчунин. Аз чунин бозии шавқовар шоҳро дил кандан осон набуд. Вале ҳалқа танг омад:
«Шоҳо, Гефестиони далер дар ҳолати назъ бувад!»
Аз чунин пайғоми нохуш Искандар як қад парид ва хун ба сараш зада, аз баҳри тамошо баромад: «Ҳар вақт пойгаҳ сохтан имкон дорад, аммо...»
Вазъи Гефестиони хушсурати вафодор, ки шоҳро боли рост буд ва Искандар ҳама рафтору гуфтор ва кирдори хуби ўро хуш пазируфта буд ва солори саворон ва инак вазири дасти рост – чашми шоҳ андар сипоҳ буд, пареш сохт хотири ўро. Шоҳ ҳама хислату некиҳои дўсти некўхисолашро пеши назар овард; ҳалолкору вафодор будани ўро, ҷон ба гарав гузоштанашро, Искандариҳо сохтанашро, сипаҳдориашро; аз Пелла то ин ҷо ҳамрикобу ҳаминону ҳампову ҳамнафас буданашро ва роздору ниҳонкориашро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор