Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва якбора хурўшида аз андеша ба садо гузашт:
«Бираванд! Ёриашон лозим нест!»
Ҳушёр гашт аз садои хеш. Дер гўш ба қимор шуд, ки касе дарашро мекўбад ё мекушояд. Аммо чунин ҳол рух надод ва донист, ки садояш хаёлӣ буда касе нашунида. Бадар омад; ошуфтаву парешон, арақпахшкарда буду хаста.
«Сипаҳбадони порсӣ ва ҳамаи сарбозони эрониро бихонед!»
Фармуди шоҳ шуд. Маҷлис орост. Аз баҳри мақдуниёну юнониҳои ҳангомахоҳу шўрангез баромад. Сипоҳи нав сохт шарқиёна.
Чунин ситезаи шоҳ равшан буд ҳамаро. Фавҷҳои майсараву маймана, талоя, қалби сипоҳ, соқа; фаланг, дастаҳои савораву пиёда ва ҳатто горди «Дўстон»-у ҷондорони шоҳ аз порсиён ороста гаштанд. Сарлашкар дигар ба румиён бовар надошт. Ҳатто пардадору ҳоҷибу сарпосу рўзбонҳо ва посбонҳоро аз порсҳо гузошт. Чунин сипоҳ хостан, чунин лашкар оростан сахт расид румиёнро, бавижа мақдуниёнро. Гирд омаданд назди қароргоҳи шоҳ. Ғарибу бекасу кўй метофтанд ва дастаи ҷангии фалакзада ва мағлубгаштаву аз пой афтодаро мемонданд, ки ҳам раҳми шоҳро оварду ҳам ғазабашро. Шоҳ ҳар ранг, ки мехост, рафтор мекард бо онҳо. Ба назар нописанду нодаркор шуданд. Эътиборе надоштанд ва шоҳ чунон вонамуд кард, ки касе нестанд. Ҳар қадар Искандар дар танҳойӣ андешида ба чунин қарор омада бошад, онҳо афзунтар аз ў андешаи оштӣ доштанд.
Шоҳ ҳанўз ҳам андар боргоҳи муваққатии хеш сари андеша буд. Мақдуниёни пуртаҳлукаро медид, ки ин бор ба ғорату зарбаву тороҷ машғул набуданд, балки яке ситез дошту дигаре аз ноилоҷӣ гардани каҷу пушаймонӣ. Қатор кашида ба назар дами дари ўро зиёрат мекарда бошанд, гирд мегаштанд. Чун Искандар аз паси парда дид онҳо кори дигар доштанд: размафзор меафканданд дами дари ў ва сархаму ғуломвор дур рафта, гардан каҷ медоштанд. Талу ғарам гашта буд афзор – сипару шамшеру найзаву синон, камонмўҳраву тиру камон, гурзу кўпол, арродаву манҷаниқ, ханҷару дашнаву камарбанд, тиркашу нимланг, табарзин ва ҳатто табираву таблак, дафу сурнаю карраной ва ҳар чизе, ки аслиҳаву олоти ҷангӣ ба шумор меомад; пуштае шуд баланд, ки аз хиргоҳи шоҳӣ болотар метофт. Танҳо хўду кулаҳхўд, ҷавшану зиреҳ ва хафтону соқпўшҳо дар тани сарбозону солорони сипоҳ боқӣ монда буд, ки илоҷи аз тан бадар карда, бараҳна гаштанро надоштанд. Ҳаррову баргустувон ва лигому зину фитроку тозона ва банди асбон низ андар тавилаҳо ва саҳро буданд...
Шоҳ биболид ба худ, ки зуъму номусу ситези бамаврид низ тавонад кора кунад чу занг оҳанро. Ў боз бибурд бозиро. Чу бузони сармозада гардан миёни шонаҳо фурў кашидани эшон гувоҳи пушаймонист.

пешина
аз 411
навбатӣ