Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Набарзан: (Як қадам пеш монда) Шумо ҳозиру нозир будед, ки андар набарди зидди мақдуниву юнониён Дорои Саввум танҳо наҷангида. Мо овард кардем ҳамроҳи ў. Бурду бохт аз мост. Вале бохти ҷангро танҳо ба сари шоҳ Дорои набуда бор кардан ноинсофист. Дар ҷанг ҳам боинсоф бояд буд, гуфтаанд...
Бесус: (Худдорӣ накарда) Ман Доро гуфта, ҳамаро дар назар дорам!
Набарзан: Шумо гуфтед, мо гўш додем, Бесус! Инак мо гўем, шумо тоқат кунед! Ба назари ман, куштани шоҳ Дорои Саввум хатои маҳз буд.
Бесус: Онро, ки ту корд задӣ! Ту куштӣ!
Набарзан: Ман аз пеши худ накардаам ин корро! Бесус фармуд, ман вақти гурез, гоҳи зарурат кардам ин корро, то Дорои баста ба гардуна зинда ба дасти душман наафтад. Ин чизро ҳама медонанд, ба таънаву такрор ҳоҷате набувад. Сўҳбат сари дигар чиз бояд биравад: бо чунин рафтор мо ба душман ёрӣ кардем.
Искандар пирўзиро муфт ба даст овард. (Оне хомўш монд ва афзуд). Коре буд ношуданӣ. Миёни фавҷҳо, даставу гурўҳҳо ва сарбозон ҷудойӣ андохт.
Бесус: Ҷудоиро ту андохтанӣ ҳастӣ!
Набарзан: На! Бино бар расидаву шунидаҳо: сипаҳсолори Порс Ортобоз ҳамроҳи писаронаш бо Искандар пайвастааст. Чунки…
Чунки…
Бесус: (Оташин шуда) Набарзан низ аз он хоинон аст, ки Ортобоз!
Набарзан: … Чунки духтараш Барзин он ҷост… Лекин ту беҳуда магў, Бесус... Ҷамъ омадем, то фикру андешаи раҳойӣ аз балоро гўем. На ки киноя бо ҳам занем, нифоқ андозем!
Фратофарн: (Низ қадаме пеш андохта) Набарзан дуруст гўяд.
(Бесус теғ кашида менигарад ба ў) Мо боли хешро шикастем ва душманро нерў бахшидем.
Сотибарзан: (Бо ситеза) Агар куштани Доро душманро нерў бахшидан буд, чаро он замон нагуфтӣ, ки Дороро накушем? Набарзан теғзан буд. Ҳолиё сухани он кас дурусту сухани Бесус нодуруст...
Набарзан: Сотибарзанро сахт нарасад, ки он замон «Дашна бизан, мурдаи ў душманро андармон мекунад» гуфта буд. Пас, фармонбардор ҳастам ман. Шумо фармондор. Чунон ки ҳоло чунин мехоҳед.
Фратофарн: Магар мо барои доду ситад гирд омадаем ё ягон ишколро ҳаллу фасл бояд бикунем?
Бесус: (Ба Фратофарни паҳлўяш истода нигариста, бо киноя) Мо ба бўйи кабоб омадем, дидем, ки харро доғ мекунанд.
Набарзан: Он замон гуфторатон дигар буд, ин замон дигаргуна.
Он замон Набарзан гумон дошт шумо дар ҳақиқат аз ўҳдаи ҳифзу ҳимояи ватан мебароед, бохти ҷанг ба ҷурми Дорост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё