Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Баҳонааш ин буд: «Касе шоҳи Порс шуда метавонад, ки аз дудаву дудмони Ҳахоманишиён бошад...» Мо кистем? (Худи ў чунин даъво дошт.) Мо ҳам аз ҳамон тухма. Аз шохаи Ардашерон! Ман ҳақ дорам худро Ардашер хонам! Ардашери Чаҳорум...(Саргўшиҳо ба гуфтугўи ошкоро гузаштанд ва баъзеҳо садо баланд карданд.
Ором кардани онон саҳлу осон набуд ва Бесус каф ба ҳам зада, аҳли давраро ба хомўшиву оромӣ мехонд. Пас садо баланд кард.) … Шоҳи якрав бовар кард ба зархаридони юнонӣ, ба бардаву ғуломон, ба ҷосусон... ва оқибат чӣ шуд? Ҳамаашро ба чашми худ дидед...
Садое: Кирми дарахт аз худи дарахт.
Бесус: (Илова бар суханаш) Оре! Кирми дарахт аз худи дарахт.
Ягон шоҳи Ҳахоманишӣ чунон намурдааст, ки Дорои Саввум мурд...
Садое: Доро андар размгоҳ мурд! Дар бистари ноз намурдааст!
Бесус: Ин садои кист?
(Ҳама хомўш, касе посух намегўяд. Аҳли маҷлис меҷунбанд.
Бесус як ба ҷондорони хеш менигарад ва идома медиҳад.) Бесус: Маро шоҳӣ ва тахту тоҷ орзу набувад! Армони ман ин аст, ки давлати бузурги Ҳахоманишӣ, ки Куруши Кабир бунёд гузоштааст, аз миён наравад... (Каф кўфтанд ва Бесус авҷ гирифт.) Он чӣ шуд, гузашт, гуноҳи кӣ буд, хиёнат аз кӣ шуд? Пўзиш мекунем. Баргардонидани марзу буми аз даст рафтаро бояд биандешем.
(Андаке орому хомўш мемонад, то чӣ ояд аз дигарон. Сипоҳиён ба ҷунбиш меоянд, зиёдтар мешавад миш-миш.) Ҳолиё вазифаи мо ватанпарастон чист? Мо бояд хоки Порсу Бохтару Суғдро аз пойи номубораки истилогарони хориҷӣ пок дорем. Ин орзуи ҳар яки шумост. Армони мо озодист. Мисли ҳама гуна мардумони олам мо озодиро дар ҷойи аввал хоҳем гузошт ва нагузорем, ки аҷнабие, омадае замини моро зери по кунад, мардонро бикушад ва зану фарзандони моро ғулом гардонад. (Дигаргуна ба ҷунбиш омаданд сарбозон). Ҳар кас ҳақу ҳуқуқ дорад ба қадри фаҳмиши хеш андеша кунад ва сухан гўяд. Ақлу андешаи ман чунон бувад:
бо зуъму ноз ва аз нофаҳмӣ мо метавонем ҳама чизро аз даст диҳем. Ҳатто худамонро. Ба такрор мегўям, ки маро тахту тоҷ зарурат надорад. Вале мебинам, ки касе ғами марзу бум, халқу миллат ва ояндаи онро намехўрад. Ҳар кас дар ғами ҷони хеш аст, ки рўзи Доро ба сараш наояд. Ин ҷониби масъаларо фикр кардан айбе надорад. Аммо ба теғи душман мурам ё дар хидмати ў бошам – авлотар, гуфтан гуноҳ аст...
Ёрони ман! Ин андешаҳои мухтасари ман аст. Шуморо хондем, то андешаҳои худро дар ин боб бигўед! Бифармоед!
Ҳама ба ҷунбиш даромаданд. Нигаристанд ба ҳамдигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё