Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Боз масъалаи ҷанги Ҳиндустон, ба даст овардани дороии ин мулки афсонавӣ ва ба Уқёнуси Бузург баромаданро ба миён гузошт:
— То замоне ки давлати бузург як душмани ҷангҷў дорад, ҷанг анҷом напазирад. Ҳоло юриши Шарқ ба охир нарасида. Каронаи замин пайдо нест. Чунин каронаро худоён муайян кардаанд. Мо бояд онро пайдо кунем. Мо бояд ба чашми хеш бубинем! Бояд ба ақсои олам бирасем, он гоҳ баргардем бо уқёнуси Бекарон ба Ватан... Он чӣ дидему гирифтем, ҳама ночизанд. Дунё дар он ҷо
– дар он сўйи Ганг! Дунёйӣ низ дар он ҷо! Дар ҷое ки пойи бегона нарасида ва ганҷҳояш қабат-қабат хобида... Набояд тиҳидаст ба Мақдуниё баргардем! Диламон, меъдаамон, чашмамон бояд сер бошад!
Сарони лашкар дар базм чунин ҳарфҳоро шунида, Искандарро маст пиндошта буданд, аммо имрўз дар ҳушёриаш чунин суханҳоро шунида ҳайрон монданд ва надонистанд чӣ бигўянд. Агар гуфтанӣ доштанд, наёристанд бигўянд. Зеро феълу хўйи шоҳро медонистанд ва нагуфтанро авло шумориданд.
Аммо Кени пурдида ва эҳтиёткор, ки аз сар бохтани хусураш сипаҳсолори беназир Пармониён ва писарони ў таҷрибаи муомила андўхта буд, на андешаҳои хешро иброз дошт, балки аз номи сипоҳиён ва сипаҳбадони дигар посух гуфт.
— Теғи шоҳи пирўз бурро бод! Зиёда аз ҳашт сол аст, ки лашкари бовафо бо Искандари Бузург по ба по ва дўш ба дўш раваду ҷангаду пирўз бошад. Мулки ў бекарона ва давлаташ зиёда гашта. Сарбозу бардаҳои сарсупурда рўйи ниёз меоранд шоҳро, то имтиёзе диҳад нафас рост кунанд. Зеро бисёр фартуту паррехта гаштаанд ва ёди ватан тану руҳи ононро пажмурда гардонидааст.
Пеш оранд, ки бо чунин сипоҳи абгору хаста ба ҷанги бузурги Ҳинд рафтан хатаре низ дорад. Мо бояд ба хости худоён низ нигоҳ кунем. Пирўзиҳои шоҳи ҷаҳонгир аз дастгириву ҳидояти онҳост.
«Ҳммм...»
Шоҳро чандон нафорид суханони Кен, аммо ў сипоҳигарӣ карда гўш медод. Гўшаш дигар чиз мешунид, ишораҳояш дигар чиз мегуфтанд, нияташ дигар, дилаш низ дигар чиз хоҳад. Кен афзуд:
— Нақшаи шоҳ барзиёд иҷро гардид: Порсу Машриқ аз они шоҳи мақдунӣ шуд... Мо азми сафари дунёи дигарро дорем...
— Оре, Кен!!! Дунёи дигар! Он сўйи Ганг! Уқёнуси Бузург!
Кен, сафинаҳои сохтаат моро ба Уқёнуси Бузург хоҳад баровард!
Ва мо бо ин роҳ ба Ватан хоҳем баргашт!
Искандари якравро рой ва фикри касе зарурат надошт, ба ҳар ҳол саронро гирд оварда баъзан ба ҳарфашон гўш медод. Ин бор низ чунин кард: базм орост, ройсозӣ кард, оқибат лашкар кашид сўйи Ганг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор