Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Зиёдтар аз ҳама базми сипаҳсолору сипаҳбаду сипоҳиёни пирўз буд. Борандагии муттасили Панҷоб нагузошт лашкари румӣ ҷанубтар равад ва шоҳ тасмим гирифт, ки базм кунад, шодмон гардад ва сипоҳро дам диҳад, то дар ин муддат шаҳрак бисозанд ва лашкаркаши бузург ин мулки мўъҷизаосоро аз наздик шиносад. Фавҷҳои савораи суғдиву бохтарӣ, порсиву скифӣ, ки қисман чунин базмро нахустин бор медиданд, як навъ ҳавасе доштанд ба чизи нав. Аммо сарбозону сипаҳбадони румӣ аз дидани чунин шодмонии дилбазан безор гашта буданд ва чун пуфакҳои дамида худ ба худ тарангу таркиданӣ гашта лоилоҷ худдорӣ мекарданд. Худиҳо, аҳли корвон, гетерҳои нозанин, ки тўли ҳашт соли ғурбат пиру фартут гашта буданд, дам ба дарун ширкат меварзиданд дар базм. Ромишгарони ҳиндӣ ва раққосаҳои монанд ба ғулому асир бо имову ишора ва баногўшиҳои роҷаҳо ончунон ҳунар менамуданд, ки гетерҳои юнониро ба сабқат мехонда бошанд. Рону дунбаву миён ҷунбонидан ва сина ларзонидану тиҳипой, ҳарир бар тан рақсидани онон на танҳо сарбозони чу гург ба барра чашм дўхта, балки гургони борондидаи лашкарро ангезида ва хурўш оварда буд.
Ҷанговарони чандин вақт боз ба занони мулки асир дарнаафтода баробари сина пеш дамонидан чун даррандагони хуношому носер лаб мелесиданд.
Роҷаҳои ҳиндӣ Таксил ва Пор азизтарин касон буданд, ки дар паҳлўи шоҳ Искандари Мақдунӣ менишастанд. Ба назар чунин менамуд. Вале аз канор мушоҳида мекарданд, ки шоҳ ҳам, роҷаҳо низ ҳам дуздида ба якдигар гўшаи чашм меандозанд, ки махуфтарин душманон бошанд. Чашмони Искандар хуморӣ шуд ва гардан тоб дода ба Пор гуфт:
«Ман набахшам ўро...»
«Ҳақ доред, шоҳи ҷаҳон...»
«Ту, роҷа, ҷилави суханро ба дигар сў тоб надеҳ... Ман ўро нахоҳам бахшид... Гарчӣ иттифоқчии Пору Таксил бувад, нахоҳам бахшид...»
«Рой шоҳрост...»
«На-на... Шумо сари маро гаранг накунед... Вай Абисари шумо чиҳил пилу хоста фиристодаст, ки ман зор бошам... Ман ба чизе ниёз надорам...»
«Ҳамин тавр...»
«Агар лозим шавад, ана, бо ин бозувонам... бо зўри ана ин сипоҳ ҳама чизро пайдо мекунам!»
«Ҳамин тавр, шоҳи ҷаҳон...»
«Худаш чаро наомад?»
«Хоҳад омад, шоҳи ҷаҳон!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор