Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Андар оинаи чашмони фарас биёбонҳо, кўҳҳо, рўдҳо ва наҳрҳо, одамони зиёде, ҷангҳои бисёре, мурдаҳои пуштагашта, хунҳои равон ва сўхторҳои мудҳиш ва хуршеду моҳу ситораҳо, баъзан каргасҳои баднамо мунъакис гашта буданд, ки шояд баъзеашон аз назари Коллисфени таърихнигор афтида бошанд. Андаку бисёр чизҳову рухдодҳоро ҳамроҳ дидаанд...
...ва аммо гоҳе ки Бусефал ба замин афтиду саворашро аз зин бурун овард ва шоҳ аз тарси ҷон бораи бесаворро ситом дошта пушти зинаш нишаста, ба корзор даромад, дигар надид, ки фараси ҷонфидову ҷонгарави якҷоя бузург гаштаву бо ҳам дунё дида дар чӣ ҳол буд.
Ба хок афтид Бусефал. Бад он буд, ки чашмбанд пеши назарро мегирифт, бадтар он буд, ки танги ҳарро миёну шиками ўро тангтар медошт ва асб наметавонист дурусттар ҳаво гирад.
Наметавонист охирин бор ҳама чизро рўшан бинад. Як чашми дамида, ки ба ҷойи ду чашм бисёр чизҳоро диданӣ буд, саворашро меҷуст, ки дар нафаси вопасин чӣ муомилае кунад бо ў.
Забон мебаровард, ки зиреҳи болои чашми бар замин баробар омадаро дур кунад, забонаш кўтаҳӣ мекард. Дасту пой меандохт, то пеши чашмашро кушояд, дасту пояш намерасид ва ҳанги сар бардошта нигаристанро надошт. Саворашро меҷуст. Зўре надошт, то сайҳа кашад ва он садои ошноро Искандар шунида биёяд.
Гардан дарозу сар сангин рўйи хоки хуноғуштаву тари гилу лой мехобид якпаҳлў. Аз озору азоби ҷон чаҳор дасту пой бар ҳаво карданӣ мешуд, аммо зину банди шоҳонаи он имкон намедод.
Тирҳои андар рону сағриву думғоза ва чашми рост фурўрафта ўро ҷунбидан ва паҳлў гаштан намегузоштанд.
Ба танг омада дилаш. Саворашро нигарон. Сахт шиҳа кашида ўро оварданист. Зўре надорад. Нерўе нест, ки бо тамоми ҳаракат наъра зада, дами дарун бурун орад ва бо он зўр тирҳо аз танаш паранд ва танаш чаҳорпой гашта рўйи замин истад ва аз нав ба размгоҳ дарояд. Онҳоеро, ки тирборон карданду ба чунин ҳол афканданд, зери сум гирад, наълкўб кунад, даҳону дандон андохта сар аз тан ҷудо гардонад.
Дареғ!
Гардан дароз, чашми сиҳат зеру чашми кафида забар нафас мегирад тез; гўйӣ ғанимат мегирад. Нафаси тезаш гилу оби борону хунро пош медиҳад аз дами сўрохии бинӣ ва боз он комаи аз зарбу тезии нафас пайдо шуда аз обу хун пур мегардад. Андакандак комак пуру моломол шуда, бо сўрохии бинӣ баробар мегардад ва зўри нафаси Бусефал намерасад, то пош диҳад моеъро.
Тадриҷан мадор кам ва нафас суст шуда, фарохии бинӣ ҳам танг мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор