Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Роҷаи Пор низ рў ба гурез овард. Чун захмиву ланг гашта буд, дур рафта натавонист. Пили ў хуни зиёд талаф дод ва ҳанге намонда, рўйи роҳ афтод. Чун ба фирориёни дигар расида буд, иҳотааш карданд ва ба сутури дигар нишонда дуртар рафтанд.
Посбонони роҷаи Пор оварданд, ки Искандар пайк фиристода. Хоҳиши пазиройӣ дорад. «Биоваред!» рухсат дод роҷа. Чун оварданд, Пор иттифоқчии паймоншикан Таксилро дид ва ғазаб кард:
— Туйӣ фиристодаи Искандар?
— Оре.
— Чун ту ба ин бузургӣ расидӣ? – киноя зад Пор ва Таксил посухи рўшан дода натавонист.
— На бузургӣ... Балки барои наҷоти мардум чунин рафтор кардам.
— На! Аз тарси ҷон, то гўшу забони дурўғгўятро набурранд.
Таксил ҳарчӣ Пор гўяд, мепазируфт ва бо ишораҳои чашму абрўву сар тасдиқ мекард, ки суханони ў дурустанд, аммо рафтори ман низ дуруст. Вале Пор сахт ба танг омада буд ва ин озорро аз нотифоқии ҳиндувон медонист, занги синаву дил зудуданӣ буд:
— Магар то Суғд кас фиристода, Искандарро ту ба Ҳинд нахондӣ?
— Фиристода рафта буд, баҳри оштӣ...
— Чӣ гуна оштӣ, ки Искандар бо ту ҷанг накарда буд?
— Хоҳ-нохоҳ ў бояд меомад?
— Чун?
— Ситорашиносони ҳиндӣ ва раммолон дида буданд, ки шоҳи мақдунӣ бояд биёяд аз барои дороии Ҳинд. Зеро ў дониста, ки дороии Ҳиндро дигар мамолики олам надорад.
— На. Искандар аз ин кишвар чизеро намедонист, ҳатто Диониси юнониро худои худ хондани ҳиндувонро. Ин ҳамаро аз забони фиристодаи ту донист ва хоҳиши туро пазируфта, омад.
— На. Чунин мапиндор. Искандар аз забони Арасту медонист ҳамаро. Ўро Арастуи бузург дарс дода ва ҳама чизро дар хусуси Ҳинду Машриқ гуфта...
— Ай Таксил! Дурўғ магўй! Магар ту то Ориё ба пешвози ў нарафтӣ?
— Ай роҷаи бузург, чӣ зарурате дорад чунин баҳсу пурс? Кӣ хоҳад хешро ба коми аждар андозад? Ман на танҳо ғами таксилиҳо, балки ғами ҳама ҳиндувонро хўрдам...
— На! Ту танҳо ғами хешро хўрдӣ. Вагарна мо муттафиқ будем ва бояд кўмаку ёварӣ мекардем.
— Охир...
— Пароканда гаштем ва Ҳинд зери пойи омадаҳо шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор