Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шогирдони Коллисфен, ки дар мактаби ҳарбии аз замони Файлақус боқимонда дарсу таълим медод, ворид гаштанд ба толор.
Ҳама устодро шинос буданд. Онҳо дар хидмати шоҳ шуданд, на дар хидмати устод. Зеро эшон дар ҳама ҷо нигаҳбону ҷондори шоҳ буданд; ҳамроҳаш ба сайру саёҳату шикор мерафтанд, хидматашро ба ҷо меоварданд.
Рўзе дар шикоргоҳ гурозе пайдо гашт ва ба шитоб ҷониби шоҳ омад. Гермолаи Балканӣ аз ҳайату рафтори гуроз ба ниҳеб афтода ва ҷони шоҳро дар хатар дида, тир зад чорпоро. Чунин пешхезӣ ва пешдастии ҷавони худрой хуш наомад Искандарро ва хашм гирифт ба ҷавон: «Магар надонӣ, ки гурозро ребу фиреб диҳанд? Ў рост ояд, ту чап рав ва гардани гуроз гоҳи тохт каҷ нашавад ва рост гузаро шавад ва ба кас осебе нарасад. Ман туро ҳамроҳ гирифтам ба шикор, а?»
Гермолай ҳайрон бимонд ва чизе нагуфт шоҳро; гунаҳгорона сар андохт. Ва Искандар хашм зери дандон гирифт. Ҷавонро шиканҷа накард. Вале асбашро оташ зад. Тамошои дигар буд чунин усули ҷазо ва ҳамватанонро огоҳ карданӣ буд, ки андар ин мулк гунаҳгоронро ва ҳама гуна ҷурму гуноҳро дар оташи зардуштӣ хоҳад сўхт. Баробари оташ задани асб сайҳа кашида сўйи осмон чароғпоя шуд ва суми сахти хеш ба замин зада, рў ба саҳро ниҳод ва хирмани оташи фурўзони нафт ҷонварро тезтак мекард. Гермолай гоҳи сайҳа кашида чароғпоя шудани бора як назар ҷонварро диду бо кафи дастон чашмро пўшид ва наёрист дигарбора аз паси оташи фурўзон нигарад. Баъд ба ў оварданд, ки асби пеши чашмашро оташ пўшида худро ба беша зада бисёр ҷойҳоро сўхтааст.
Гарчӣ рафтори шоҳи мақдунӣ намоишкорона буд, мақдуниёнро хуш наомад. Хашмашонро афзуд ва норозигиашонро зиёд гардонд. Чунин ҳукми худсарона ва тамасхуронаи шоҳ хуни Гермолайро ба ҷўш овард. Аммо асрор ҳувайдо накард. Шарм дошт аз ёрону атрофиён, ки шоҳ кайфар бидодаш; бо сад азоб ғазабу хурўшу оташи дарунро фурў нишонд. Ҷавони ба таълими ҳақиқату росткории коллисфенӣ хў гирифта ҳайрон буд, то чӣ кор кунад. Зиёд андешид, бисёр фикр кард, натавонист чизе бигўяд шоҳро. Кина гирифт. Чун ёрони наздикаш гирду фаро меомаданд, ройсозӣ мекард. Ҳолу рўзе ки ў дошт, дўсти зиёд пайдо накард.
Панҷ тан шуданд. Панҷа мушт гашт бар қасди шоҳ.
Онҳо бонавбат хаймаву саропардаву кўшки шоҳиро посбонӣ мекарданд. Рой заданд, тасмим гирифтанд, ки Искандарро гоҳи сияҳмастӣ андар нозболини шоҳӣ сар гиранд, зеро ҳама безор гашта аз шоҳ; ҳатто мақдуниён. Сарбозҳо, сипаҳбадон, корвониён, зану фарзанди ў. Ва агар чунин кор ба вуқўъ пайвандад, ҳама шодмон гарданд; аз зулми «шоҳи Порс» озод шаванд. Ситоми бораву ҳаюни хеш сўйи Юнону Мақдуниё тобанд.

пешина
аз 411
навбатӣ