Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Инак хоҳӣ Гераклро тарбият бикунӣ?»
«Оре, хоҳам, ки модараш тарбияи юнонӣ бидиҳад ва мояндараш тарбияи суғдӣ. Ва ў бояд шўри миёни ду кишварро аз байн бибарад.»
«Ман ҳамроҳи сипоҳи Искандар дунёро дидам, бо бисёр занон дучор омадам, зиёд омўхтам, мисли ту касеро надидам, ки душман дар хона роҳ диҳад.»
«Магар мо душман ҳастем?»
«Оре, ҳама гуна палонҷ душман бошанд якдигарро.»
«Мо палонҷ нестем, Барзин. Мо дугона ҳастем ва ё чун модару духтар.»
Барзин сар андохт ва ба андеша рафт, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад, ки як духтари нав арўс гашта зани таҷрибаандўхтаро андарз гўяд, рой занад ва чизҳоеро пеш орад, ки аз ақл бурун бошад. Зеро нашуда, ки ду тан дар як пўст гунҷад.
«Моро нашояд ранҷидан... Бале?»
«Бале...»
«Оини шоҳон чунин бувад: ҳар кишварро, ки забту тороҷ кунанд ва зану духтаронашро асир гиранд, шоҳ ё сипаҳсолори пирўз бояд зан ва духтари мулки тороҷгаштаро ба занӣ бигирад.»
«Равшан аст, Рахшон... равшан... Ин қонуни ҷанг бувад, аммо дил чизи дигар аст.»
«Ман низ дар ин чанд рўз зиёд чизҳоро дидам. Шоҳонро аз дур шинохтан хуб аст. Ё дар орзуи шоҳон будан хуб аст. Аммо бо эшон ҳампо шудан азоби ҷаҳаннам бувад.»
Гуфтугўи шиносойӣ, озмунӣ ва санҷишии онҳо ба сомон нарасида ва ҳанўз Геракл аз зери домони Рахшон заргўшро набароварда ва аз сари дасти наварўс нафаромада, шоҳ Искандар аз дар даромад. Занҳо карахт шуданд. Геракл зуд аз сари дасти Рахшон фурўд омад, ки ҷониби падар метохта бошад, аммо ба падар нигоҳ накарда, лаби домони заминрўби арўсро каме бардошта, заргўшро аз он ҷо бароварданӣ шуд. Заргўш аз пушти пойи Рахшон баромад ва рў-рўйи хона лўк-лўк давид. Онҳо карахттар шуданд ва Искандар ҳайрон, ки ин чӣ мақомест. Ў чизеро дид, ки чашмдор набуд. Намедонист, ки Гераклу модараш ба дарёобод рафта, заргўш шикор кардаанд. Аз зери домони наварўс бурун омадани заргўш ҳайратзада гардонд шоҳро ва ў намедонист чӣ бигўяд. Занҳо низ намеёристанд ва ё намедонистанд чӣ гуфтанро. Заргўш боз давида зери домони Рахшон даромад ва арўс аз чунин рухдод шарм дошта, хам хўрда заргўшро аз паси гардан чанг зада бардошт ва сўйи Геракл дароз кард. Шоҳзода бо завқ гирифт ҷонваракро ва бо вай андармон гашта ба падар эътибор намедод ё чун касони доно худро нодида мегирифт; қасдан нигоҳ намекард.

пешина
аз 411
навбатӣ