Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ва чанд савор дар оне гирд омаданд ва занро дида, ҷўё аз фарзанд шуданд ва ба сўйи ишораи зан рафтанд. Баъд Биталомуси сипаҳсолор амри онҳоро пайдо кардани Искандарро расонд ва писарро низ пурсид. Барзин боз сўйи мағрибро намуд. Гарчӣ ў ором гирифта буд ва ҳаргиз нияти баргаштан надошт; чунин шўву шоҳро дидан намехост, барои дарёфти писар басеч ба қурбонӣ буд. Биталомус назди Барзин истод ва амр кард буну бехи ҳар буттаву дарахтро бинанд.
Барзинро ҳам дил меларзид, ҳам тан, ки ягона тухмие, ки аз наҷодаш монда Геракл бувад, дигар ҳамаро дод ба фано. Инак олам диҳад, ҷон диҳад, аммо Геракл надиҳад:
«Ай Биталомуси номдор, биҷўй, пайдо бикун Гераклро, ки Искандар дигар нишоне надорад. Ва дигар аз ў нишоне нарўяд...»
«Чӣ гуфтӣ, ай зан?»
«Бовар бикун маро, Искандар минбаъд забун гардад... Чун ту шоҳзодаи асили мисрӣ ҳастӣ, гўямат. Касеро магў. Шоҳро низ гуфта будам: «Чун маро хор дорӣ, хор шавӣ.»
«Шоҳ туро хор надорад. Чун гирифтор буд, натавонист ҳурмати туро дорад. Агар хор дошта буд, маро нафиристода буд пеши ту.»
«Шоҳ фиристод туро ё гетерҳо хоҳиш карданд?»
«На. Ба хоҳиши гетерҳо гурба набарояд ба офтоб. Шоҳ ба худ омад, писар пурсид. Чун дарёфт, ки шумо аз диж бурун рафтаед, ҳамаро ба по хезонд. Пардадор бигуфт, ки ба ин сў омада.»
«Гераклро пайдо бикун, Биталомуси бонанг!»
Ва ғалмағал шуд миёни беша. Баъд саворон пасопеш бо дастонашон шохҳои зичу ҳамоили дарахтонро ба ду тараф тела дода меомаданд. Гераклро савори асби саманд, ки ёлаш сапеди дамида ва ба рост хамида буд, пеши зин гирифта меомад ва шоҳзода заргўши аблақ дар бағал дошт. Барзин ҳайрон буд, ки чӣ гуна дар як муддати кўтоҳ заргўши Геракл дигаргун гашта. Вале асрор ҳувайдо накард ва касеро чизе нагуфт. Писарро якҷоя аз пушти асб бо заргўшаш гирифт ва боз Геракл оби чашми модарро сутурд.
Барзини дар роҳҳои тўлонӣ асбсаворӣ омўхтаро бо писараш ба асбе сурх нишонданд ва сўйи шаҳр равонданд. Геракл аз моли дунё як заргўши ба меҳнати ҳалол сайд карда дошт, вале касе намедонист, ки чӣ гуна ўро дастгир кард ва чун ранги он дигаргуна шуд.
Шодон буд Барзин, ки писарашро пайдо кард; дилтангу пурешон буд, ки шоҳ чун пазирад ононро... Вале шоҳ Искандар онҳоро пазиройӣ накард, бал оварданд назди гетерҳо. Ҳама часпиданд модару писарро ва Барзин ғам хўрд, ки чаро омад. Дилаш фарёд мекард бесадо, то Биталомусро биоваранд ва ў ба пурсҳояш посух гирад; агар хуш наояд, бозпас ўро ба беша раҳо кунад ё рухсат диҳад худ баромада биравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор