Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандари хурўшида дигар идора карда натавонист сари шўрида ва хуни ҷўшидаи хешро. Дашна аз посбон рабуд ва бар синаи Клит бизад. Шоҳи равонкоста аз шўри шароб гоҳе ба худ омад, ки хун аз сарсинаи Клит ҷаставу шорида буд.
Гўё дар базм ҳама кўрону карон ҳузур доштанд, ки чизеро намедиданд, чизеро намешуниданд. Шоҳ низ ба худ омада чунин андешид, ки тамошобинанд онҳо ё бетарафанд; аз моту мабҳут мондани аҳли толор дарёфт, ки коре шуда. Нигоҳаш ба Клити афтида ба фарш, дашнаи сари синаи ў ва хуни равон афтод, ки аллакай заминро тар карда буд. Ў низ чун дигарон ҳайратзада ва натавонад коре кардан. Назди ў зону зада дашна аз синаи ў кашид ва ба сарсинаи хеш рост кард. Биталомуси зираку чолок ҷаҳида бар ў расид ва бо як ҳаракат дашна аз дасти шоҳ рабуд...
Боз давра ба ҷунбиш омад, гўйӣ пирчи Нимич об кушод. Ба ҳаракат даромаданд. Баъзе чизҳоро медиданд, миш-мишҳоро мешуниданд, ҳатто овои дўстонро.
Искандар паси мурдаи ў то дар омаду ҳайрону нигарон остонаро зери пойи рост дошта истод. Парешону пушаймон. Бовар надошт, ки Клити хушхўро, ки дар кўдакиаш орзуи мисли ў шуданро дошт, кушта бошад. Ҳарчанд сар мешикаст, ки чӣ шуду чӣ монд ва чӣ гузашт аз миён, ба ёд оварда наметавонист. Як назар мурдаи хунини Клит пеши назараш омад ва зуд гум гашт. Вале дар пардаҳои гўшаш садои Ланикаи доя бозмонд: «Туро шири сина надодаам, Искандар, шири даст додаам. Ту писари манӣ, Искандар. Бародари ман Клит бародари туст!» Боздошт гўшҳояшро шоҳ ва фармуд: «Маро танҳо гузоред!» Сар набардошта амр кард, вале сар набардошт, ки рафтораш шоҳона набуд, ҷавонмардона набуд, балки нокасона, дуздона ва заифона буд. Симои Ланикаи меҳрубон, ки шоҳзодаро рўйи даст бардошта ба воя расонидааст, пеши назараш омад ва худ ба худ печид: «Фардо, ки бо ў рў ба рў омадам, чӣ гўямаш? Ўро дилдориву дилбардорӣ карда натавонам, ки бо дасти худ куштам. Дареғи бародар...»
Нахустбор Искандар аз куштани кас пушаймон буд. Зеро чунин амали нохуб раво набувад писари худоро.
Рахшони ба тамошо ва шодмонӣ омада ҳар лаҳза чашм мепўшид, то набинад чунин манзараҳоро; пушаймон аз омадану расидан ба шоҳ. Зеро Искандар ўро паймон карда буд, ки дигар хун нарезад. Дере нагузашта паймон шикаст ва базмро ба саҳнаи хунин табдил дод. Оксарт вазъу ҳоли духтарро дида «Ором бош, осуда бош!» мегуфт. Чун ларзидани тани ўро медид, садо аз зери дандон мебаровард: «Замони ноз набувад.» Чун духтар ором намегашт ва ҳиқ-ҳиқи гиряи наварўсонааш мебаромад, дандонҳои ҳоким фишурдатар мегашт: «Бо инҳо бозӣ карда нашава-ааад...
Худро ба дааст гииир...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор