Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ба онҳо фаҳмон, ки шодон хоҳанд шуд. Биҳишти рўйи замин дар пеш аст.
— Биҳишти рўйи замин дар куҷост?
— Бо ҳама доноиат магар надонӣ, ки биҳишти рўйи замин куҷост?
— Донам, Искандар. Агар манзурат Суғд аст, донам. Вале ман гумон надорам, ки то Суғд расем.
— Чаро?
— Охир то Суғд роҳ андак нест!
— Бале, андак нест. Вале мо бояд он ҷо расем...
Қатъӣ донист сухани Искандарро Барзин. Ва писарашро ба баҳонаи пояк доштан паси санг шуд ва хеле замон гузашта, соя адири ҷониби Машриқро боло рафт, пасон ў омад.
— Чизҳои дигар зиёданд миёни занҳо, – гўё барои ин чизро гуфтан паси санг гузашта, хеле андешайу мулоҳиза карда, омада бошад.
— Масалан?
— Гўям, тарсам, ки хашм гирӣ.
— На. Хашм нагирам. Агар рост ва муфид бувад, хашм нагирам.
— Занон бештар аз хусуси марги сипаҳсолор Пармониён гўянд...
— Ва чӣ гўянд?
— Дилашон сўзад ба марги нобаҳангоми ў.
— Гумонашон, ки...
— На... – гўё андешаи Искандарро пай бурда бошад, рад кард.
– Онҳо гўянд, ки сипаҳсолор барои Мақдуниё, барои Юнон, барои Файлақуси Дуввуму писараш Искандари Сонӣ хидмати зиёде кард. Искандар бояд ўро эҳтиёт мекард ва ба Ҳикматоно намефиристод.
— Хаёлашон, ки...
— На! То ҳол сабабашро намедонанд. Агар донанд, оламро мекўчонанд.
— Надонанд ҳам, чизе тахмин мекунанд-ку?
— Тахмин мекунанд, қол мебуранд, фол мебинанд...
— Худи ту чӣ фол дидӣ?
— Ман фол надидаам, Искандар... Тахмин мекунам, ки ҳар чӣ шуд, аз рўйи зари Порс шуд. Ўро ҳамроҳи Гарпали зарпараст фиристодан лозим набуд. Агар надонӣ, бидон, ки Гарпал одами оддӣ набувад. Ў зару симро дўст дорад. Ва аз дасти оне, ки симу заро дўст дорад, ҳар бало ояд.
— Бале, ҳар ҷо, ки симу зар бувад, аждар он ҷост.
— Ҳамин тавр... Ва гўянд, ки Гарпал бадтар бувад аз аждар.
— Боз чӣ гўянд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё