Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва Искандар, ки чанд лаҳза шоҳ буданашро фаромўш карда, хешро падар вонамуд ва бо зану фарзанд замон гузаронд, чӣ ҳавасе дар дилаш пайдо шуд, ки рўйи тахтасанги монанд ба мармари кабуд ба пушт дароз кашид. Ва дар хусуси Барзин андешид, ки ҳар бори дурусттар сўҳбат карданашон хислат ва ё саҳифаи тозаи заковати ў ошкор мегардад. Ва ҳар гоҳ, ки ў таҳдиди ҷудо нашуданро мекунад ва аз ҷудойӣ ба Искандар нохушӣ пеш омаданашро мегўяд, ў ҳайрон мемонад. Искандар як зара эҳтиром пайдо кард ба Барзин, ки аз Арасту касеро лоиқи эҳтиром намедонист. Муддати дароз хомўш монд. То оне ки соя гашт карда, рўйи тахтасанги хобидаашро гирифт. Ў фикру андеша мекарду чизе намегуфт ва Барзин гўё ҳама ҷамъкардаашро гуфта бошад, лаби об бо писараш машғул гашта, кордор ба шавҳар намешуд.
Фақат аз дил мегузаронд, ки шоҳи шабгард ҳамин замон фармони сафар медиҳад ва ҳама таки асбон таранг мекунанд. Вале аз ў амре ё ҳарфи дигаре пеш наомад, ҳама хотирҷамъ ва ором буданд.
Сари сангҳои баланд дидбонҳо, посбонҳо ва навбатдорон буданд нигарон ба хабар ё садои якдигар.
— Чаро нақшаҳоятро намегўйӣ, Искандар?
Гирди сангҳои зиёдро гашта, омада, паҳлўи ў бар тахтасанг нишаста, гуфт Барзин, ки муддати зиёд дар ин хусус андешида бошад. Искандар, ки дар ними рўйи росташ соя афтида буд, гардан ба чап тофта Барзину писарашро дид ва гуфт:
— Ман нақша надорам. Нақшаи ҷанги Порс буд, иҷро шуд.
Давлати Бузурги Ҳахоманиширо барҳам задам...
— Бале, барҳам задӣ... Чаро барнагардӣ?
— Фурсати бозгашт нарасида. Ҷаҳонгирӣ чунон набошад, ки кас аз нимароҳ бозгардад. Гумон дорӣ, ки ман ҷангро дўст дорам?
На! Онҳо ҷангталабанд. Барои ватани хеш талош доранд. Онҳо чун Бесусу Сотибарзан маро ба дунболи хеш мекашанд.
— Ман ба ту бовар мекунам... Вале мегўям, ки аз дўстонат худро эҳтиёт бикун, душманонатро худат донӣ.
— Ту бояд сирреро донӣ, Барзин, вагарна чунин нагўйӣ.
— Дуруст мегўйӣ, Искандар. Сирру асрорро пеш аз ҳама занон фаҳманд. Зеро онҳо ҳама вақт паҳлўи мардон... ва онҳо роз ниҳон дошта натавонанд. Занон донистаашонро бояд гўянд, вагарна кафанд. Зеро дилхушӣ ва аламтозакунаки занҳо ғайбат, баногўшӣ ва таъна задану нафрину маломат кардан аст. Ҳатто онон ҳини дашном асрор ҳувайдо мекунанд ва дар олам аз онҳо чизе пинҳон дошта нашавад.
— Ҳатто худширинкунии занҳо нишоне дорад... Магар онҳо пушаймонанд?
— Чӣ гўям?... То Персополис бо завқу шавқ омада буданд.
Баъд ба ҳасрату ғайбат гузаштанд.

пешина
аз 411
навбатӣ