Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро шодмон нестӣ? Чаро рақс накунӣ?
— Наомўхтаанд.
— Туро хоҳам омўхт. Гетерҳо ёд хоҳанд дод.
— Хуш надорам...
Искандар магар дунёро фаромўш карда буд, ки даст бар гардани Рахшон ҳалқа гардонд. Оксарт вазъро мушоҳида дошт ва чун ҳокими тозаамал даст ба ишора бардошт, то хотима бахшанд базмро. Искандарро ёронаш ба хонаи зери кўҳи сўйи Офтобнамо бурданд, вале Рахшон ҳавасе надошт, ки назди шоҳ баранд. Зеро орзуву ҳаваси ў дигар буд ва аз диди аввал ҳамааш барбод рафт.
Баъд овозаи нобуд гаштани Спитамон ва бедарак ғайб задани зану фарзанди даҳои суғдӣ дилтанг кардаш. Садои чашмаоби ҷўшон, ки зери дижро убур карда онсўтар зери замин нопадид мегашт, ношунаво буд аз ғавғову мағали ромишгарону сияҳмастон ва по кўфтанҳои лўлиёнаи гетерҳои юнонӣ.
Чизе сари дилу роҳи нафаси суғдидухтро гирифт. Садди сахте буд, ки пеши роҳи ўро дошт. Нагузорад назди шоҳи овозадори гетипўй дарояд. Гетерҳо гирд кардаанд. Гетери сарагар Ланикаи ботаҷриба, гарчӣ доя буд, ҳамроҳи Барзину Геракл ба саропардаи шоҳӣ нарафта, бозмонд, то канизаку мураббию раҳнамо бошад ва арўсро то шабистони шоҳ ҳидоят кунад.
«Ман ҳама чизро афсонавӣ пиндошта будам, ҳатто дижи ҳуру париёнро. Гумон кардам дар ин ҷо бо онҳо дучор меоям ва аз ин олам ҳамроҳашон ба ҷое меравам, ки рўйи одамиро набинам. Аз ин рў шартҳоям сахт буданд... Дареғи Спитамон.»
Аз фикр гузаронду хомўш гашт Рахшон ва чашм ба пардаҳои сўхта дўхт. Сўхта-сўхта луху лахча гашта, ба рўйи ҳамдигар рехта ва тўдаи хокистар боқӣ гузоштанашонро дид ва донист, ки оташи ҳар чиз ҳам фанопазир бувад. Ранги одам: ба дунё омада оҳистаоҳиста нумўъ кунад, сўзаду афрўзад ва фано гардад. Чизе пойдор набувад. Шоҳон ҳам, шоҳаншоҳон ҳам, Искандар ҳам; онон ҳам, инон низ ҳам. Машъалаҳо ягон-ягон дар тани девораҳои диж, андар роҳравҳо, сари сангҳо, сари бораҳо, поёни нардбонҳо, гирди чашма ва ҳама ҷойҳои зарурии жарфно хомўш мегаштанд. Касеро ақл ё амал нарасад, ки иваз кунад машъалаҳоро. Шамъҳои хонаи шаҳ низ камнур гарданд.
— Ту чаро гирифтори ғами хештанӣ? Магар ғазаби шоҳро надонӣ?
— Ғазаби шоҳ маро чӣ зарурате, падар?
— Тани туро бахшидем ба ў. Ризоият додӣ, аз они шоҳ шудӣ.
Дуо диҳам, то ба ғазаби ў гирифтор нагардӣ!
— Ман инак дарёфтам, ки Спитамон сар бохтааст. Андўҳ доштам гоҳи базм. Вале шодам, ки падари бузурги маро Искандар ба ҷойи Спитамон сатрапи Суғд хонд... Хуҷаста бод!

пешина
аз 411
навбатӣ