Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Ба шумо чӣ шуд, писарам?»
Писарак ўро бегона дониста посух надод ва ё ҳиқ-ҳиқи гулўяш намегузошт, то чизе бигўяд. Ва мард, ки фоҷиаи ғорро шунида буд ва барои ба дасти мақдуниён наафтодан роҳҳоро чапғалат зада сароқир омада то ин ҷо расида буд, дигар писаракро кунҷкобӣ накарда, назди ҷасади шоҳдухтар нишаста пурсид:
— Нанат?
Писарак ба тасдиқ сар ҷунбонд.
— Чӣ ном дорӣ?
— А... ар... арда-ше-ер.
— Ардашер? Писари Спитамон?
— Ҳҳа...
— Ин шоҳдухтар?
— Ҳҳа...
— Модаратро кушта партофтанд?
— Нна... Нанам...
— Нанат партофт?
— Ҳҳа...
— Чаро?
— Ба дасти хунхорҳо наафтем, гуфта...
Шубон дигар чизе напурсид. Балки сангу ғари зўррас бардошта гирдогирди ҷасади модар чидан гирифт...
— Чич-чи-чӣ...
— Шаб фаро мерасад, писарам. Ҳозир мо нанатро бардошта бурда наметавонем. Ҳозир гирдашро ғарпўш кунем, пагоҳ одамонро оварда мурдаро бурда...
— Наааааа!!!
— Ором бишав, писарам, Искандар наояд...
Писар ҳиқ-ҳиқ мегирист, шубон гирди мурда санг мечид. То ҷое ки қади сангдевор аз тану сари ў боло шуд. Пас шохчаҳои хушкида ва аз танаи шах афтидаро чида тори ўву деворғар ниҳод ва боз тори сангҳо санг гузошт, то болои ҷасад рўбаҳгузар ва каргасдаро набошад.
— Гард, биравем.
— На! Ман назди нанам истам.
— Рош... Фардо каргасҳо бедор нашуда оем.
— На-на!
— Сари мол барамат.
— На-на!
— Ба девлох...
— На-на, на!
— Ба деҳа, назди падарат.
— ...
— Падарат – пешвои мо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор