Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Вале он қадар сарбозони ду ҷаҳон дар корзорҳо ва обу оташҳо нобуд гаштанд, ки гўри яке кас надонад. Лашкаркашҳои бузург низ надонанд. Ва ҳамаи ононро ғун оварда дар ин гўри азим ҷой мекарданд ва даҳонашро сангбаст мекарданд, чӣ савобе буд. Лошаи каргасҳо низ намегаштанд. Андеша дорад Искандар ва духтар аз дил мегузаронад, ки чӣ меандешида бошад шоҳ. Як машъал сўхта аз сари санг ба замин афтид. Ториктар шуд ғор. Хуш омад духтарро. Орзу дошт зудтар ҳамааш сўхта тамом шавад.
Нигоҳи Искандар ба шамшери рўйи замин. Аз дили ў чӣ гузарад, духтар надонад. Нигоҳаш ҳасадолуд ба шамшер мерасад. Ва духтар хоҳад, ки ғор бетак бошад ва хешро он ҷо андозад. Вале машъалбадасте аз омади худ парешон кунад хаёлу андешаҳоро.
Шоҳи ҷавон ба худ ояд: «Чӣ ройзане, чӣ доное? Андешаҳои модари маро гўяд. Аз ҳама асрор воқиф, аз расму русуми юнониҳо огаҳ. Хонадони моро низ донад.»
«Туро модар бузург, шоҳи ҷавон. Олимпиада... бузургтарин зани олам. Модари шоҳи ҷаҳонгир.»
Искандар аз худ пурсад: «Ин ҳама аз куҷо донад?» Вале натавонад аз ў пурсидан. Лаҳзае гетерҳои соҳибҷамоли ҳозирҷавоб аз ёди шоҳ рафтанд, зеро онҳо ба мисли ин духтари кўҳистонӣ набуванд; дар ҳусну малоҳат ҳам, дар гуфтор ҳам.
— Духтарони соҳибҷамол, ҳозирҷавоб ва зираку бохирадро дўст дорам.
— Яъне, гетерҳоро?
— Бале!.. Хоҳам ту низ гетер бошӣ.
— На. Саҳв кардӣ, шоҳзода...
— Ман шоҳам, на шоҳзода!
— Шоҳаншоҳ бош!... Бидон, ки ман ҳамрой ва ҳаммаслаки он сӣ танам, ки сурўдхонон зери дор рафта буданд.
— Ҳммм... Фаҳмост. Он сӣ танро пўзиш карда будам, хоҳӣ, туро низ биомурзам?
— На! Маро гузашт мабод! Ман хоҳари он родмардонам.
— Ту духти Спитамонӣ!
— Оре, аз ҳамон хунам.
— Пас зани ў куҷост? Пури ў куҷост?
— Оварданд, ки Искандар ҳамроҳи Спитамон онҳоро низ қатл карда.
— На!!! Ман накуштаам Спитамонро! Ман надидаам зану фарзанди ўро! Гуфтанд, ки онҳо дар ин ғоранд!
— Касе дурўғ бурдааст туро. Онҳо аз наҷоде набуванд, ки дар ғор ҷой шаванд.
— Пас ту барои чӣ ҷой шудӣ?
— Ман дигарам.
— Дигарӣ? Андаке пеш гуфтӣ, ки аз он хунӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор