Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтар посух надод ба пурси шоҳ. Ҳанўз ҳам теғи нигоҳ мекашид. Искандар ханҷари зери камарбанд хастаи ўро дид ва ханҷари хеш кашид аз наём. Духтар низ. Ва афканд ба хок. Искандар низ. Искандар хандид. Духтар ҷиддӣ буд.
«Кистӣ ва духтар киростӣ?»
Духтар заҳрханда кард, ки пурси содалавҳона кунад шоҳи ҷавон. Ў даҳон пур мекард, то чизе пурсон шавад аз шоҳи ҷаҳонгир, забон мегазид.
Дерёз истоданд рў ба рў ва Искандар ҷуз ному насаб чизе намепурсид. Муродаш ба забон овардани духтар буд ва донистани зану фарзанди Спитамон. Оқибат, чунон ки аз санг шарора хезад, духтар ба забон омад:
«Ай родмард! Чаро хунхорӣ?!»
Акнун Искандар хомўш буд: зеро чашмдор набуд, ки духтар чунин пурс кунад ва нисбати ў чунин нафрат дошта бошад.
«...Магар пешаи дигар надорӣ?!»
Искандарро зуъм гирифта буд ва то ҷое ғазаб.
Духтар боз пурсид:
«Чаро касби устодат Арастуро пеша накардӣ?»
Искандар сар боло кард. Нигарист ҷиддитар:
— Устоди маро аз куҷо донӣ?
— Ҳама донанд Арастуро... Хирадмандро.
— … бале, ҳама донанд хирадмандии ўро... Вале ман касби падар пеша кардам.
— Ҷангҷўйӣ... Хунхорӣ?
— Саҳв кардӣ, духтар... Ман хунхор наям... Кишваркушоям...
— Баҳ-баҳ!!!
—... Ҷаҳонгирам...
— Баҳ-баҳ!!! Чунон ки ҳолиё?
— Бале. Чунон ки ҳолиё!
— Ва ин кишвари тираро низ кушодӣ?
— Оре... Ва туро ёфтам...
Ҳар ду хомўш монданд. Духтар алам тоза кард:
— Нааа... Дар ҷаҳон ҳама кишварҳо кушодаанд. Аммо аз ҷониби бегонагон забт накардаашон ҳастанд. Ту ҳоло ин корро кардӣ:
барои хеш ин ғорро пайдо кардӣ. Вале ин ҷо симу зар набувад.
Ҷуз санги сахт чизе нест... Лоф мазан, шоҳи ҷавон. Дар ин гетӣ ягона писаре, ки ба падар рафтааст, ту ҳастӣ...
— Боиси ифтихор бувад: писаре, ки касби падар пеша накард, хор шуд.
— Бидон, ки кори падари ту касб набувад. Ҷангҷўйист; одамкушӣ, хунхорист... Магар ин касб бувад? Боиси ифтихор низ?
Искандар посух надод. Ба андеша рафт: «Таҳқир... Аз касе нашунида чунин; ҳатто аз душманони пурзўр...» Ба назар ҳолиё машъалҳо сўхта тамом мешаванд ва ғор тира мегардад; аз гўр ҳам тиратар.

пешина
аз 411
навбатӣ