Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шоҳ осуда бошанд... Кўҳнавардон лозим, то шабҳангом ба он баландӣ бароянд. Роҳ аз болост, на аз паст.
Ин замон пиёдагардони мақдунӣ низ расиданд. Офтоб ғуруб мекард. Искандар саф орост пиёдаву савора ва амр кард:
— Ҳар кӣ кўҳнавардӣ донад, гоме пеш шавад!
Сесад нафар пеш омаданд. Дар партави нури офтоби андар қуллаҳо аксандоз рўйи онҳоро Искандар медид. Як бор гузашт пешашонро гом зада. Пасон фармуд:
— Вазифаи мо шабҳангом ин шахро ишғол кардан. Касе пештару болотар барояд, даҳ талант зар подош хоҳад гирифт; касе аз паси ў, нўҳ талант!
Гўйӣ суғдиёни ғор нимашабон кўч баста бошанд, Искандар осема кўҳнавардонро ба шах рост кард. Дере нагузашта фарёди онҳо пайи ҳам меомад. Кўҳнавардони нобалад чу ғўраҳои норасида зер меомаданд. Аввал садои талвосаи ҷон, баъд зарбу овози ба замин заданашон меомад. Бархе дод мезаду дар хаволӣ ва чокиҳо андармон мегашт, ё аз шах ба шахе мезад.
Хуршед дар сари қуллаҳои муқобил теғ кашид. Искандар аз амалиёти бебарори имшаба хешро мағлуб ҳисобид. Чанд тан боз дами ғори баланд омада мақдуниёнро масхара карданд:
«Болат куҷо шуд, Искандар?»
Искандар посух нагуфт эшонро эътиборе надод, балки суғдӣ меҷуст аз миёни бардаҳои сипоҳи хеш:
«Ту суғдӣ ҳастӣ?»
«На, бохтарӣ!»
«Ту чӣ?»
«Суғдӣ.»
«Ту?»
«Ман низ суғдӣ.»
«Ту ҳам?»
«На, юнонӣ.»
Ва аз суғдиёни асиру барда дастае орост Искандар. Дастур дод, хоста эълон кард:
«Даҳ талантӣ ба ҳар кадоми шумо. Чашми рўз накафида, тори ғор бошед.»
Вале суғдиёнро танҳо нагузошта, аз мақдуниён чашму гўш ҳамроҳ кард ва шаби дигар ҳам нигарони амали онон шуд.
Посе гузашт аз шаб. Ҳама ҷо хомўшу ором. Танҳо садои чучуи уқоб меояд ва гоҳ-гоҳ чак-чуки ба санге бархўрдани сангпорае. Кўҳнавардон ғорро дид карда аз ду ҷониб шахро рост шуданд, то мавзеъро дар иҳота гиранд.
Искандар аз доманаи кўҳ дур намерафт. Ҳар як садоро бадиққат гўш медод ва чизи афтидаро муайян мекард ва мешумурд.
«Зиёд шуд, зиёд афтиданд сарбозон.» Ҳама меҳру муҳаббат ва дилсўзии хешро чунин ифода кард ў ва заҳрханда зад: «Талант, ҳама бало талант...

пешина
аз 411
навбатӣ