Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд як деви болдори афсонавӣ пайдо шуд, ки ашкаш аз паси сараш буд, як чашм пасу як чашм пеш. Искандар чун қаҳрамонҳои асотирӣ аз ашки бузурги паси сари ў дошт ва шамшер кашида пару болашро зада мутта кард ва сар дод ўро. Чун донаи чаҳормағзи кўрак, ки зоғон аз ҳаво бар санг андохта, шикастаашро ҷўянд, раҳо кард девро. Ва ў лўнда гашта ба шахи чукка зад ва шахи тез чун сихи кабоб аз тахтапушт сар баровард.
«Ваҳ-ваҳ-ваҳ!»
Аспи Искандар сайҳа кашид дар ҷавоб, ҳушёр кард соҳибро.
«Саворат шавам, бол мебарорӣ, ҷонвар?» аз дил гузаронд Искандар ва нигарист ба шахҳои пасту баланд, ки чун дарахти азиме шох-шох руста бошанд; ҷо-ҷо зина-зина, дандонадор, баъзан обшуста, шўшабастаи монанд ба адраси ранга, ба атласи сиёҳу сапед. Вале дар соҳили дигар кўҳи Чилдухтарон. Раҳораҳ ҳикояи чунин кўҳҳоро Коллисфен борҳо шунида: «Бегонагон тохт оварданд замоне. Ҷабру ситам зиёд шуд русто ба русто ва духтарони суғдӣ чиҳил тан аз шаҳр баромада ба ин ҷо омадаанд ва даст ба даст гирифта, Ҳурмузди бузургро зориву тавалло кардаанд, ки то ба дасти ин золим гирифтор кардана, беҳ, ки моро санг гардонӣ.
Ва дуову зории духтарон мустаҷоб гашта, чиҳил духтар ба шакли санг гаштаанд ва «Чилдухтарон» ном гирифтаанд.»
— Онҳо (ба ғор ишора карда) чунин дуову дархост накунанд?
– пурсид аз ҳамраҳонаш.
Эшон китф дарҳам кашиданд.
«Ай Зевси барроқ, падари ман, мадад бикун!»
Дар замираш ғулғула зад ин зорӣ ва донист, ки чандин сол боз худоён ва нимхудоён, ҳатто падару модар ва устодро ёд наоварда буд ва ҳоло ба танг омада, ки фарзанди худоёни Осмону Замин Зевси тавонои худовандкушро ёд меорад.
Скифе пеш омад:
— Дар ин ғор аъёну ашроф ҷой гирифта.
— Роҳ куҷост?
Марди кўсаи скифӣ ба пояи шах рафт ва чун раҳнамо часпида баромад.
Искандар чунон ки сипоҳ бозмедошта бошад, даст аз сари китф боло кард. Марди скифӣ боз фаромад.
Бусефал сум мекўфт, даҳана мехоид, ҳарф зада наметавонист.
Искандар зиёд мехост, чизе гўяд ҷонвар, зеро ҳайвонҳо зирак мешаванд, он чӣ онҳо пай баранду фаҳманд, соҳибонашон дарку эҳсос накунанд.
Коҳинро пеш хонд Искандар ва фармуд асбоби беқарории асби ўро гўяд; инчунин пешомадро муайян кунад.
— Шоҳо, асби шумо таассуф мехўрад, ки бол надорам, то соҳибро ба он баландӣ барорам.
— Чора чист?

пешина
аз 411
навбатӣ